Хатарҳои 2017 аз он сӯи Панҷ: Мақомоти тоҷик чиро медонанд?
Қушӯнҳои сарҳадӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳушдор доданд, ҳудуди 130 километри марзи Афғонистон бо Тоҷикистон таҳти назорати пурраи ҷангиёни ифротӣ қарор дорад ва бо фарорасии мавсими гармои 2017 эҳтимол вазъи амниятӣ шиддат ёбад. Тибқи таҳлили мақомоти низомии тоҷик бисёри ҷангиёни ифротӣ бо оилаҳояшон ба навоҳии ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон кӯчида, феълан дар марз ва аз 5 то 70 километр дуртар аз он 7 ҳазор ҷангии ифротӣ ҷой гирифтаанд.
Миралӣ Розиқов, полковники Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта, зимни баррасии таҳдидҳои нав ба амнияти минтақа дар Душанбе гуфт, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалии террористӣ қарор кардаанд, то гуруҳи Толибон, ҷангиёни ДИИШ, Ҳаракати исломии Туркистон, Ҳаракати исломии Туркистон шарқӣ ва дигар гуруҳҳои ифротгарро дар Афғонистон зери роҳбарии ягона муттаҳид гарданд: “Бо чунин нақша моҳи ноябри соли 2016 гуруҳи намояндагони хадамотҳои махсуси яке аз кишварҳои хориҷӣ ба қаламрави Афғонистон ғайрирасмӣ сафар намуда, бо қумандонҳои ташкилотҳои террористӣ дар Бадахшон, Тахор, Кундуз, Балх, Бағлон, Сарипул, Форёб вохӯриҳо гузарондаанд”.
Полковники қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз кишвари мушаххасе ном набурд, аммо таъкид намуд, ки хадамоти махсуси бархе аз давлатҳо гуруҳҳои ифротиро дастгирӣ мекунанд ва мавқеи онҳо дар шимоли Афғонистон мустаҳкам гардида, барои амалӣ намудани нақшаи созмонҳои террористии байналмилалӣ, аз ҷумла ДИИШ заминаи мусоид фароҳам шуда истодааст: “Аз ин лиҳоз онҳо дар самтҳои муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сарҳади Афғонистон, минтақаеро интихоб карда истодаанд, ки аз нигоҳи онҳо барои амалӣ намудани нақшаҳои онҳо дар нисбати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қуллай ба ҳисоб меравад”.
Дар мавриди он, ки мушаххасан Толибону дигар ҷангиёни ифротӣ дар кадом минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷой гирифтаанду саркардаҳояшон киҳоянд, полковник Розиқов гуфт, дар вулусволии Имомсоҳиб айни ҳол гуруҳҳои муташаккили Толибон зери роҳбарии Мавлавӣ Асадулло Мазлумиён валади Шоҳмаҳмад фаъолият карда истодаанд, ки онҳо қисми зиёди сарҳади вулусволӣ, тақрибан 55-60 километри сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистонро таҳти назорат қарор додаанд: “Дар самти муқобили ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон дар вулусволии Қалъаи Золи вилояти Қундуз низ Толибон мавқеи устувор доранд. Дар сафи онҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон, узбекон, чеченҳо ва арабҳо низ дида мешаванд. Гуруҳи мазкур деҳаҳои калонтарини минтақаи Қалъаи Зол, Тарбузгузар, Зулмобод, Чоргул ва маркази вулусволии Оқтеппаро ба иҳота гирифтаанд. Деҳаҳои мазкур аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи аз 10 то 40 километр дур мебошанд”.
Ба гуфтаи Розиқов дар он тарафи ноҳияи Панҷи Тоҷикистон дар вулусволии Дашти Арчӣ ҷангиёни гуруҳҳои Толибон, таҳти роҳбарии Мулло Шокир Валади Малан фаъолият доранд ва қариб ҳамаи ҳудуди волусволиро таҳти идора гирифтаанд: “Қисми зиёди аҳолии маҳаллии вулусволии Дашти Арчиро паштунҳо ташкил медиҳанд, ки аз ин сабаб дар ин минтақа мавқеъ ва нуфузи гуруҳи Толибон устувор аст. Инчунин як қисми қувваҳои асосии гуруҳи Толибон ва гуруҳҳои дигари террористиро, ки дар вулусволии Чордара мебошанд, ҷангиёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ин гуруҳ аз сарҳади Тоҷикистон дар масофаи 65-70 километр дуртар ҷойгир мебошанд”.
Миралӣ Розиқов инчунин иттилоъ дод, ки тақрибан 70 километри марзи вилояти Тахори Афғонистон бо навоҳии Фархору Ҳамадонии Тоҷикистон таҳти назорати ифротиён қарор дорад: “Дар рӯбарӯи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ, тақрибан 70 километр сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар самти вулусволии Хоҷағор, Дарқад, Хоҷа Баҳовуддин ва Янгиқалъаи вилояти Тахор таҳти назорати гуруҳҳои муташаккили Толибон қарор доранд. Инчунин дар вулусволии Ишкамиш, Фарход ва Варсаҷи вилояти Тахор низ мавқеи гуруҳи Толибон ва ифротгароёни хориҷӣ мушоҳида гардидааст”.
Дар мавриди ҷангиёни ифротӣ дар музофоти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ВМКБ-и Тоҷикистон ҳаммарз аст, полковник Розиқов гуфт, дар ин вилоят Толибону ҷангиёни хориҷӣ давоми се соли охир қисме аз ҳудуди вулусволии Роғистон, Куҳистон, Ёвон, Яхтал, Баҳорак, Шуҳадо, Вардуҷ, Ҷурм, Юмгон ва Зебакро таҳти тасарруф қарор додаанд: “Дар он тарафи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон дар ҳудуди музофоти Бадахшони Афғонистон, Толибону дигар ҷангиёни хориҷӣ таҳти роҳбарии Мавлавӣ Наҷибуллоҳ валади Соҳибназар мебошанд, ки аз сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон тақрибан 45-50 километр дуртаранд. Аъзои гуруҳҳои Мавлавӣ Наҷибуллоҳ валади Соҳибназар, ҷонибдорони равияи Салафия буда, гуруҳи ба ном Давлати исломиро ҷонибдорӣ мекунанд”.
Масъули марзбонии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки феълан гуруҳҳои калони ифротгароён дар вулусволии Вардуд, Ҷурм, Юмгон, Короманҷон, Арганҷгоҳ ва Роғистон ҷамъ шудаанду мунтазири қувваҳои иловагӣ аз хориҷи минтақа мебошанд: “Бо кушода шудани ағба ва фаро расидани фасли баҳору тобистон эҳтимолияти ворид шудани ҷангиён аз хориҷи кишвар ба Афғонистон дар назар дошта шудаст. Дар пасманзари мустаҳкам гардидани мавқеи гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон эҳтимолияти муташанниҷ гардидани вазъ, авҷ гирифтани қочоқ ва тахрибкорӣ дар самти сарҳади давлатии Афғонистону Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест”.
Полковник Шозед Хуршедов, масъули Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ эҳтимоли афзоиши ноамнӣ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро тақвият дод: “Маълумоти дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мавҷудбуда нишон медиҳанд, ки буҳрони низомии Афғонистон дар соли 2017 дубора шиддат мегирад”.
Ба гуфтаи Хуршедов дар баробари Толибон ҷамъ намудани қувва ва воситаҳои “ДИИШ” дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла, Бадахшон, Балх, Тахор, Кундуз, Ҷузҷон ва ғайра ба қайд гирифта шудаааст. Ӯ афзуд, бар асоси иттилои мақомоти амниятии Афғонистон, ба ҳолати аввали феврали соли 2017 шумораи умумии Толибону ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва террористони хориҷӣ дар шимоли Афғонистон 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад: “Аксарияти ҷангиён бо оилаҳои худашон омада, мақсад доранд, дар ин манотиқ ба муҳлати тӯлонӣ монанд. Таҷаммӯи азими Толибон дар ин манотиқ пешгӯиро дар мавриди имкони ноамн гардидани вазъият дар шимоли Афғонистон бо саршавии мавсими гармӣ тақвият медиҳад”.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон низ 31-уми марти соли равон зимни размоиши муштарак бо нерӯҳои Русия дар ҷануби кишвар афзоиши ҳузури ҷангиёнро дар шимоли Афғонистон мояи нигаронӣ хонд. Аммо дар баробари ин таъкид намуд, ки артиши Тоҷикистон тавони посух додан ба ҳар гуна таҳдиде ба хоки Ватанро дорад.
Абдуғаффор Камолов, мушовири Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои мубориза алайҳи таҳдидҳое, ки аз он сӯи Панҷ мехезанд, зарур хонд, ки мақомоти қудратии тоҷик дар баробари ҳамоҳангӣ миёни худ, кор бо ҷомеа, махсусан ҳамкорӣ бо сокинони навоҳии наздимарзӣ аз ҳар ду соҳили дарёи Панҷро роҳандозӣ кунанд: “Ҳанӯз дар замони шӯравӣ ин мафҳум роиҷ буд, ки ҳар марзнишин марзбони содиқ аст. Бо марзнишинҳо бояд ҳамкорӣ кунанд, то марзбонҳои содиқи мо бошанд”.
Ҳакими ДАВРОН
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |