Бахшҳо

Аз 1 апрели 2017 то 1 апрели 2019. Комроншоҳ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум шуд

Гуруҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки барои санҷиши гуштии баҳсбарангези Комроншоҳ ва Саидҷалол таъсис ёфта буд, аввалиро барои ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум намуд.

Дилшод Назаров,
муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва раҳбари ин гуруҳи корӣ дар як мусоҳиба бо сомонаи расмии кумита изҳор доштааст, дар натиҷаи таҳлилҳои ҳамаҷониба гуруҳи корӣ қарор кард, ки Комроншоҳи Устопириёнро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз иштирок дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ маҳрум намояд. Аммо ин муҷозот ба мусобиқаҳои байналмилалӣ дахл надорад.

Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар мусобиқаи "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии гуштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд. Дар пайи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо баргузории як ҷаласа барои санҷиши рафтори Комроншоҳ гуруҳи корӣ таъсис дод.

Ба гуфтаи Дилшод Назаров, гуруҳ фаъолияти мактаби варзишии ба номи Ланглифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки мудириашро Комроншоҳи Устопириён бар уҳда дорад, ниҳ мавриди санҷиш қарор дода, як қатор камбудӣ ва мушкилоти ҷиддиро ошкор намудааст: “Аз натиҷа ба унвони роҳбарияти вилояти Суғд мактуби дахлдор барои қабули қарори қонунӣ ирсол карда мешавад”.

Зимнан, дар асоси дастури раҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуруҳи корӣ муваззаф шудааст, давоми як моҳ Қоидаҳои одоби варзишгарро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳайати мушовараи кумита пешниҳод намояд.

УСТОПИРИЁН: ДОВАРОНУ МУХЛИСОН ХАТОЕ НАКАРДАНД, УЗР МЕХОҲАМ


Қабл аз он ки гуруҳи корӣ расман аз натиҷаи санҷиши худ хабар диҳад, Комроншоҳ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, дар ҷараёни хулосабарории гуруҳ иштирок дошт. Ба иттилои ӯ, “гуруҳи кории таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ҳолати баргузории қисми ниҳоии гӯштингириро дар ҷоми "Пойтахт–2017", ки имрӯз 29 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи ман ва мураббиам Усто Устопириён баргузор гардид, иштирок намудам. Аз ҷараёни кори он, таҳлилу баррасии мутахассисон ва наворҳои видеоӣ пурра муайян гардид, ки доварон ва мухлисон ба хатоӣ роҳ надоданд. Танҳо ман ба эҳсосот дода шуда, амали ношоям ба шаъни варзишгарро иҷро намудам, ки хело пушаймон ҳастам. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи мухлисон ва ҳайати доварон узрпурсӣ менамоям. Ба қароре, ки аз ҷониби гуруҳи корӣ қабул гардидааст, ман розӣ ҳастам ва ягон эътироз надорам.Ба ҳамаи варзишгарон муроҷиат мекунам, ки этика ва одоби варзишгарро риоя намуда, ба давлату миллат содиқ ва вафодор бошанд”.
Мӯҳр
Darvesh
Х.ф
Банда бе гунох намешавад,Комроншох,ИНШАЛЛОХ ислох мешави худатро ба даст гир.Давом дихандаи кори Саидмумин Рахимов,Шамс ва Камар Киромовхо,Юсуф Абдусаломов,Расул Бокиев бишав ва умедворем парчамбардори ватани азизамон дар мусобикахо мешави!!!

Хахаха як вактхо Гарибшох компания хам хминхел як сахнаи хачви нишон дода буд, ки гул мефурушаду гулхои уро кормандони андоз бе пул мегиранд ва баъди як руз бо дасти баста ва пои шикаста баромад карда мегуяд, ки кормандони андоз гунох надоранд айби худаш будааст патент надоштааст. Айнан чунин як сахнаи хачви.

Ташаккур ба Шумо аҳли кормандони сомонаи озодагон ки масоили рӯзмараро ҳамеша пайгиред.
Барои он нафароне, ки дар инҷо назар менависанд як чанд мисраи яке аз шоирони миллатамро ишора меорам ки то сабурру бо ақлона ҳарф гуянд ҳар кас барои коре офарида шудааст ва набояд аз ҷаҳолат ҳар чи ки хости нависӣ.
То ранги матои дили моро нашиносӣ,
Сад ҷома бипӯшӣ, ту ҳаёро нашиносӣ.
Сад бор назар бар ту намудем, надидӣ,
Чун кӯрдиле дидаи моро нашиносӣ.
Ҳастем бародар ҳама, ту шӯр маяндоз,
Ҳам Одаму ҳам мома Ҳаворо нашиносӣ.
Ба бародари гироми Комроншоҳ барору комёби хоҳонам.

хасан
гуноха багардан намегирифти агар мачбур мешуди ки аз ин баьд дигар гуштин нагири зеро азхама махрум мекарданта

Darvesh,
Агар бародари мо Комроншоҳ зархарид мебуд имруз барои баланд бардоштани Парчами миллии мо ин қадар талош намекард ва ман бо бовари гуфта метавонам, ки варзишгарони тоҷик дар руҳияи тарбия ёфтаанд, ки ҳеҷ гоҳ ба хотири симу зар Шарафи худро паст намезананд.
Аз Шумо мефахрем варзишгарони миллат!!!!!
Шояд ин хислати бешарафи дар худаст аст, ки ин ифлосиро ба болои ҳар кас бор мекуни?

хасан,
Ба гардан гирифтани иштибохи Комроншоҳ бори дигар аз ҷавонмард буданаш нишон медиҳад. На ҳар шахс ҷуръати хатоаашро бар душ гирифтанро дорад. Худо ҳамеша ҳифзат намояд.
Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист бигу.....Darvesh,

Агар комиссия муайян накарда бошад нохакии руиростро, набошад мо хама мухлисон гуштин гусфанд будаем....

Паҳлавон тарсу намешавад. Комроншоҳ тарсуиятро нишон додӣ. Марди ҷасурам набудаӣ. Аз аввал овоз баланд кардиву дар охир тарсидӣ!!!

Наблюдатель
Что то не то!! Хай агар пулт дода бошант хами хел бугу мардум мефахман вакт вакти кризисай...

Тоха
Комроншох хамчун мухлис ва бародарона мегуям, ки ту набояд аз ин рухафтода шуда ва бо ин як камбудие, ки карди мабодо аз варзиш даст каши. Дар мусобикоти сатхи чахони хаки ширкат карданро дори бештар кушиш кун Худо хохад бо дастовардхои шоёнат дар мусобикахои байналмилаи ин камбудиятро мепушони.

ном
Вой бархоли ноадолати шахсан ман иштирок доштам ягон гунох набуд танхо ноадолати доварон буд чавонро хаста ва асаби карден то ба кай ин ноадолати идома меёфта бошад басаст накунен чавононро рухшикаста накунен илтимос озодагон чоп кунед

Ачаб пешгирии соддалавхонае, то дар хорича дашном надихад, дар он чо мамнуаш намекунед, обруи Точикистонро резонда.

Комроншохи Усто Пириёнро доварони гиромбозу махалгаро мачбур ба чунин амал карданд. Бехтарин гуштигири точикистон Комроншох аст.
Бехтар аст,ки Коида ё бехтараш Конун оид ба адлу инсофу имону виждони доварону судяхову нозирон тахияву тартиб ва тахти назорати шадид карор дода шаванд. Солхост,ки ах адолат асаре нест.

КОМРОНШОХ АНААКНУН ЧЕМПИОНИИ ЧАХОНУ ОЛИМПИ БАРОЯТ ТАМАННО ДОРАМ....шоире гуфта буд: обод агар намекуни, вайрон накун маро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)