Р.Эмомалӣ номи телевизион ва меҳмонхонаи "Пойтахт"-ро иваз кард (АКС)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст номи меҳмонсарои "Пойтахт" ва телевизиони "Пойтахт" ба "Душанбе" иваз карда шавад.
Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, ду қарори Рустами Эмомалӣ дар ин бора 28 март ба имзо расида, ҳамакнун меҳмонсарои "Пойтахт" ба “Меҳмонхонаи Душанбе” ва телевизиони "Пойтахт" ба “Телевизиони Душанбе” иваз хоҳад шуд.
Шаҳрдори Душанбе ба Мӯсоев.С, раҳбари КВД “Меҳмонхонаи Душанбе” ва Рауфзода Суҳроб, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони “Душанбе” дастур додааст, ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани тағйироти мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Қарор дар бораи номгузории ин муассисаҳо аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори собиқи пойтахт ҳануз соли 2006 қабул шуда буд.
14 март "Озодагон" бо нашри як ИНФОГРАФИКА теъдоди муассиса ва биноҳоеро, ки дар шаҳри Душанбе номи пойтахтро доранд, гирд оварда буд:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |