Дар ин робита, масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки аллакай бо Чин оиди ба ихтиёри кишварзони ин кишвар додани як миқдори замини шӯру бекорхобидаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби кишоварзони маҳаллӣ истифода намешаванд, мувофиқа шудааст.Техникаю таҷрибаеро, ки мутахассисони чинӣ ният доранд, дар заминҳои Тоҷикистон истифода намоянд, имкон медиҳад, ки дар муддати панҷ соли минбаъда амнияти озуқавории кишвар таъмин гардад. Дар ҳоли ҳозир амнияти озуқавории Тоҷикистон яке аз осебпазиртаринҳо маҳсуб ёфта, асосан аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад. Ин ва дигар самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, зимни сафари ҳайати воломақоми ноҳияи Шинҷон, ки рӯзе пеш дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |