Бахшҳо

Даргузашти Атахон Сайфуллоев дар 84-солагӣ

Атахон Сайфуллоев, адабиётшинос, нависанда ва мунаққид ва яке аз чеҳраҳои муҳими ибтидои солҳои 90-и тоҷик субҳи рӯзи 17 март дар шаҳри Хуҷанд аз дунё даргузашт. Дар ин бора сухангӯйи шаҳрдори Хуҷанд Маҳмудҷон Дадобоев иттилоъ додааст.

Маросими видоъ бо ӯ соати 12:00-и имрӯз дар хонаи марҳум баргузор мешавад.

Атахон Сайфуллоев яке аз чеҳраҳои муҳими оғози низоъҳои тоҷикон дар солҳои 90-ум буд, ки он замон раёсати Кумитаи телевизион ва радиошунавониро ба уҳда дошт. Коршиносон ташдиди низоъҳои миллиро аз баркандани ҳайкали Ленин дар сентиябри соли 1991 медонанд, ки он ба таври комил тариқи телевизиони кишвар намоиш дода шуда буд. Бархеҳо раиси вақти Кумитаи телевизион ва ридошунавониро гунаҳкор мекарданд, ки ин кор бо дастури ӯ сурат гирифтааст. Баъди ташкили ҳукумати Муросои миллӣ дар соли 1992 Атахон Сайфуллоев аз раёсати Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ канор зада шуд ва ба Хуҷанд рафту дар донишгоҳҳои Хуҷанд дарс мегуфт ва дигар масъулиятҳои ҷамъиятиро ба уҳда дошт.

Атахон Сайфуллоев 1 майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Доктори улуми филологӣ, профессор мебошад ва дар адабиёти тоҷик ба ҳайси мунаққид ва драматург саҳм гузоштааст.

Марҳум хатмкардаи факултаи филолгияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар соли 1954 буд. Дар вазифаҳои ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улум, мудирии кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, котиби садорати Иттифоқи Нависандагон, сармуҳаррири сарредаксияи илмии Энсклопедияи шӯравии тоҷик, директори Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони кишвар, мудири шуъбаи КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи Иттифоқи Нависандагон дар Суғд, раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Суғд ва муовини раиси Шӯрои мазкур кор кардааст. Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон буд.

Бино ба навиштаи муҳаққиқон муаллифи бештар аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ дар заминаи эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Карим, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Шукуҳӣ, Ф.Муҳаммадиев, П.Толис ва дигарон мебошад. Ҳамчунин муаллифи чандин повесту очеркҳои адабӣ ва як тарҷумони як қатор асарҳо аз русӣ низ будааст. Ҳамчунин бо машвартҳои илмии ӯ бештар аз ҳафт нафар рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд.

Дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, ифтихорномаҳои Раёсати ШО Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои “Шараф”, “Дустӣ”, медали тиллои Кумитаи ҷумҳуриявии сулҳ, медали 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
Устод шахсияти шинохтаи миллат ва давлати сохибистиклол буданд...... Чояш чаннату рухаш, шод ва хонаи охираташ обод бошад........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)