Бахшҳо

Изҳороти Путин: Ташвиш аз "ДИИШ", кӯмак ба Кобул ва истифодаи пойгоҳи 201 дар марз (ВИДЕО)

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз, 27 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе аз фаъолшавии гуруҳҳои ифротию террористӣ изҳори нигаронӣ кард.

Путин дар ҳузури ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ва хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Қасри Миллат гуфт, Русия ва Тоҷикистон аз фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла “ДИИШ” дар Афғонистон нигарон мебошанд. Ӯ афзуд, бо Тоҷикистон созиш кардаанд, ки ҳифзи марз бо Афғонистон, аз ҷумла бо истифода аз тавоноии пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон таҳким хоҳад ёфт. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистону Русия изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба Кобул дар гуфтушунидҳо барои дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ кӯмак хоҳанд кард.

Владимир Путин аз вазъи феълии ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷорӣ изҳори норозигӣ карда, зарур хонд, ки Тоҷикистону Русия барои пешрафт дар ин самт шароитҳои нав муҳайё кунанд: “Вазъи феълӣ, ки то ҷойе формалӣ аст, моро қаноатманд карда наметавонад”.

Раисҷумҳури Русия зикр кард, лоиҳаи муштараки нисбатан бузург бо Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика амалӣ гардид ва имрӯз “НБО”-и бо сармояи Русия сохташуда ҳамагӣ 12 дарсади нерӯи энергетикии Тоҷикистонро тавлид мекунад: “Созишномаи байниҳукуматии имзошуда дар бораи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта имкониятҳои навро барои ҳамкорӣ дар ин соҳа фароҳам меорад. Ин пеш аз ҳама ҳалли масоили экологӣ мебошад”.


Натиҷаи сафари Путин: Аз имзои 6 санад то ваъдаи “НБО”, муҳоҷирати осон ва алоқаи ҳавоӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои русаш Владимир Путин аз натиҷаи сафари расмии Президенти Русия ба Душанбе изҳороти муштарак қабул карданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони давлатҳо бо қабули як изҳороти муштарак таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи истифодаи сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, яке аз самтҳои шарикии стратегии байни ду давлат мебошад.

Манбаъ мегӯяд, ҷониби Русия ҷиҳати ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон дар татбиқи иқтидори гидроэнергетикии он, бо назардошти талаботи афзояндаи кишварҳои минтақа ба нерӯи барқ ҳавасмандӣ изҳор намудааст: “Ҷонибҳо имконияти афзун додани содироти нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро бо назардошти талаботи бозори энергетикии минтақа баррасӣ мекунанд”.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин таъкид карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба маҳсуб меёбад: “Манфиатдории муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ миёни минтақаҳо ба сифати шакли самараноки таҳкими муносибатҳои тарафайн дар таъмини шароити зарурӣ барои рушди робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидорӣ изҳор гардид. Дар баробари ин, аҳамияти форум ва конференсияҳои баргузоршуда оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, инчунин, фаъолияти Шӯрои Соҳибкорӣ оид ба ҳамкори соли 2016 таъсисёфта зикр гардид”.

Ҷонибҳо қайд кардаанд, ки ҳамкориҳо дар масъалаҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла оид ба таъмини шароити зарурии иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави якдигар, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар Русия, мубодилаи фаврии иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд: “Тарафҳо зарфиятҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, мероси ғании маънавии мардумони Тоҷикистону Россияро зикр намуда, густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илму техника, санъат ва фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ минбаъд низ идома медиҳанд, ба роҳандозии робитаҳо дар он соҳаҳо фаъолона мусоидат мекунанд”.

Манбаъ изҳор медорад, ки сарони давлатҳо барои рушди забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Русия зарур хондаанд, ки вохӯриҳои мунтазам байни намояндагони соҳаи илм ва доираҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимии олӣ ва илмию таҳқиқотии ду кишвар анҷом дода шаванд. Дар идома Президентҳо вазъиятро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳокима намуда, аҳамияти мусоидатро ба он кишвар дар таъмини субот ва рушди минбаъда таъкид карданд: “Тарафҳо ҳамоҳанг намудани амалҳоро ҷиҳати маҳви таҳдидҳои нисбати амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самти ҷануб эҷодшаванда идома медиҳанд. Масъалаҳои таъмини амниятро дар минтақа муҳокима намуда, бо мақсади муборизаи самаранок бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир, Тарафҳо аҳамияти ҳамоҳангии амалкарди муштараки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амниятӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникиро зикр намуданд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, тарафҳо тазаккур доданд, ки кӯшишҳои муштараки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон омили муҳим дар таъмини амнияти минтақавӣ мебошад: “Омодагӣ ҷиҳати амалисозии ҳамоҳангшудаи минбаъда мутобиқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2012 изҳор гардид”.

Президентҳо инчунин ба зарурати густариш ва таъмиқи ҳамкориҳоро дар ҳошияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ зикр намуданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар охир Президенти Русия ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии ҳайати Русия изҳори миннатдорӣ намуда, аз Президенти Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз Федератсияи Россия дар вақти барояш муносиб даъват ба амал овард. “Даъват бо камоли майл пазируфта шуд”,-таъкид мекунад торнамои расмии Президенти Тоҷикистон.

Дар пайи қабули изҳороти муштарак дар Қасри Миллат дар ҳузури роҳбарони ду давлат 6 санади нави ҳамкорӣ имзо шуданд:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;
- Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017 ба имзо расид.




Маросими истиқбол аз Путин дар Душанбе:

Мӯҳр
Беном
Аэс лозим нест!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)