Кӯмакхоҳӣ барои пайдо намудани Маҳмадшариф: Ӯ кару гунг аст
Маҳмадшариф Каримов, як сокини 34-солаи колхози Каленини ноҳияи Панҷ, ки аз забону шунавоӣ маҳрум аст, 10 рӯз боз бедарак шудааст.
Мирзоназар Маҳмадов, аз наздикони Маҳмадшариф имрӯз, 27 феврал ба “Озодагон” гуфт, ӯ 17 феврал аз хона баромадааст ва эҳтимол сӯи Душанбе рафтааст.
Ба итилои манбаъ, Маҳмадшариф аз шунавоӣ ва гапзанӣ маҳрум буда, бо атрофиён тариқи ишора муошират мекунад: “Вақти аз хона баромадан дар тан курткаи зимистонаи сиёҳ, шими ҷинси сиёҳ дошт. Дандонҳои пешаш зард мебошанд”.
Ба гуфтаи Маҳмадов то имрӯз ҳамроҳ бо мақомот тамоми вилояти Хатлонро кофтаанд, аммо наёфтаанд: “Шоҳидон то Қумсангир омаданашро дидаанд, шояд ба ягон таксӣ нишаста ба Душанбе рафтааст. Аз ҳамин сабаб ҳозир дар пойтахт низ ӯро кофта истодаем”.
Наздикони Маҳмадшариф аз нафароне, ки ӯро дидаанд ва ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш доранд, бо шумораҳои (+992) 904-63-33-01; 93-872-31-21; 555-05-15-04 ва 918-81-99-64 тамос бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |