Бахшҳо
20 фев 2017 16:08Тоҷикистон / Сиёсат

Радди ногаҳонии Тошканд барои қабули ҳавопаймо аз Душанбе

Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд қабули ҳавопаймои “Сомон Эйр”-ро рад кардааст.

Тавре аз ин ширкат ба “Озодагон” иттилоъ доданд, парвозҳои мунтазами ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар самти Душанбе-Тошканд бояд имрӯз, 20-уми феврал оғоз мегардиданд: “Рӯзи 10 феврал, ҳангоми музокирот дар Тошканд ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иҷозат дода шуда буд, ки санаи 20 феврал ба фурудгоҳи Тошканд парвоз кунад. Аммо имрӯз Сомон Эйр аз фурудгоҳи Тошканд хабар гирифт, ки парвозҳо дар самти зикргардида манъ шудаанд. Тавассути хатсайри мунтазами аввалин бояд ба Тошканд 26 мусофир парвоз мекард”.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз мусофирони хатсайри мазкур барои эҷод кардани нороҳатӣ узр хоста, афзуд, “ба ҳамаи мусофирон маблағҳое, ки барои харидории чипта сарф намуда буданд, баргардонида шуданд”.

Қаблан ҷонибҳо барои парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд ба тавофуқ расида буданд ва нахустин парвози техникӣ баъди 25 сол 10-уми феврал анҷом дода шуд. Далели қабул накардани ҳавопайморо Тошканд ҳанӯз шарҳ надодааст.
Мӯҳр
Мусофир, Душанбе
Як савол ба миён меояд. Чаро Шавкат Мирзиёев хама кучаву хиёбонхо ва баъзе чойхои фарогати, алалхусус аэропоти Тошкандро ба номи ИСЛОМ КАРИМОВ монд? Инчунин макбараи И.Каримовро зиёратгохи махсус дар Самарканд орову торо додааст, то ки диккати сайёхон ва дигар мехмононро ба сиёсати имрузаи Узбакистон бештар чалб кунад? Ин бе сабаб нест, зеро Ш.Мирзиёев дастпарвари мактаби И.Каримов буд ва ба монанди як масал "Хараш аз об гузашт", яъне раиси Чумхур шуд ва боз давомдихандаи кори Каримов гардида то охири умраш ба хамин хол мемонад агар бадтар накунад. Сахначахои хачвии мухтарам Шавкат Мирзиёев холо дар пешанд. Ин парвози анчомдодашуда як спектакл буд. Озодагон рахмат барои хабархои нави пешниходкардаат. Акнун чоп кун ва мунтазири комментарияхои бисёр бош!!!

Пассажир
- Мусофир иштибоҳ мекунӣ, аввалаш, ки маълум гардид, айбӣ Мирзиёев нею айбӣ бюрократии тоҷикӣ будааст. Дуюмаш ин ки Мирзиёев худашро барои дар таърихи миллати узбек мондан омода мекунад. На дар нақши Ислом Каримов чунонеки дар Туркманистон Бердимуҳаммадов на Туркманбошӣ балки худашро муаррифӣ карда истодааст. Сеюмаш ин ки мо низ камбудиҳои худро бояд дида тавонем,- зеро ҳамсояро интихоб намекунанд, ӯро худо медиҳад, дигар роҳ надорем...

Мусофир
Мухтарам пассажир бигзор гуфти ту бошад лекин ина бин, ки якум даъфа бо айби намояндагони Точикистон ин камбуди шуд ва хавопайморо Тошканд кабул накард. Баъди аз сар гирифтани гуфтушунидхо хатто барканор кардани Директори Сомонэйр барои чи дар рузи 23 - юм, ки бояд парвоз ба Тошканд анчом меёфт ин кор бо сабабхои номаълум нашуд. Дар ин чи мегуи. Бародар так что спорхои бехуда макуну давоми ин спектакли чониби Узбакистон баргузоршудаистодаро интизор шуда ист. Озодагон хатман ин сухано ба Пассажир равад, боз билеташ насузад.

Пассажир
- Мусофир-ако расо саросема шуда бурафтед. Ҳамин сари ҳама муваффақиятҳои инсона худованд аз сабр кардан ҳосил кадагӣ. Шумоя ҳоло эсамба билетатон сӯхтагиш не...
Худатона дастба гиред, Тошканданда вакзаланда вомехӯоем.
- Боз ала тзе гапатонай...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)