Додгоҳи ИМА баррасии парвандаи фармони Трампро қатъ кард
Додгоҳи бознигарии ИМА шоми панҷшанбе бо дархости Кохи сафед баррасии фармони манъи муваққати вуруди бархе аз мусофирон ва паноҳандагонро ба кишвар қатъ намуд.
Кохи сафед мегӯяд, ҳафтаи оянда тартиби нави вуруди мусофир ва паноҳандагонро ба кишвар пешниҳод хоҳад кард. Ба гуфтаи президент Доналд Трамп, санади нав тавре таҳия гаштааст, ки аз эҳтимоли рӯёрӯии конститутсионӣ бо «қарорҳои бади додрасҳо» пешгирӣ кунад. Вай афзуд, ба ваъдаи интихоботии худ дар ҳимояти кишвараш вафо хоҳад кард.
Додситони кулли иёлати Вашингтон Боб Фергюсон — яке аз мухолифони фармони Трамп дар додгоҳ — гуфт, изҳороти ахири давлат «эътирофи шикасти он» аст.
Ҷузъиёти қоидаҳои нави вуруд ба ИМА маълум нест, вале кормандони дастгоҳи раёсатҷумҳурии Амрико гуфтаанд, фармон тавре веросторӣ хоҳад шуд, ки дастури он ба сокинони қонунии ИМА аз ҳафт кишвари номбаршудаи асосан мусулмоннишин таъсир надошта бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |