Ҷонибдории Маҷлиси миллӣ аз бозхонди раиси Суди олии иқтисодӣ ва тавсифи Убайдуллоев аз Қаландарзода
Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз лоиҳаи қарори палатаи болоии парлумон дар бораи аз вазифаи раиси Суди олии иқтисодӣ бозхонд намудани Наим Мансурзода ҷонибдорӣ намуданд.
Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Президент дар парлумон панҷшанбеи 16 феврал аснои муаррифии ин лоиҳа аз аъзои Маҷлиси миллӣ хост, қарори дигари маҷлис дар бораи ба вазифаи раиси Суди олии иқтисодӣ интихоб шудани Мавлуда Қаландарзодаро ҷонибдорӣ намоянд. Ин пешниҳодро ҳамаи аъзои палатаи болоии парлумон тарафдорӣ карданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ хонум Қаландарзодаро барои интихоб шуданаш ба мақоми нав табрик гуфта, афзуд, “бисёр шодем, ки зан, бонуи зебо, хоҳари мо сарварии Суди олии иқтисодиро бар уҳда мегирад. Зан ифодагари адолат, ҳақиқат аст, дар васфи зан чӣ қадар сухане ки гӯем кам аст”.
Дар ҷаласаи дирӯз аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин қарорҳо дар бораи ба вазифаи судияи Суди олӣ интихоб шудани Қамарзода. Р, Мирзозода И.Ш. ва Саидзода М.М-ро ҷонибдорӣ намуданд.
Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, ки ваколаташ дар узвияти Маҷлиси миллӣ қатъ гардида, феълан вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зистро бар душ дорад, барои хизматҳояш ба ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон сазовор дониста шуд.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |