“Душанбе-антитеррор”-амалиёти зиддитеррористӣ дар интернет
Мақомоти махсуси ИДМ барои ошкор кардани мубаллиғони созмонҳои террористӣ ва эмиссарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамрин хоҳанд кард.
Генерал полковник Андрей Новиков, раҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони ин ниҳод изҳор доштааст, ки тамриноти мазкур зери унвони “Душанбе-антитеррор” охири моҳи май ва аввали моҳи июн дар қаламрави 6 кишвар-Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон гузаронда хоҳанд шуд: “Марҳилаи ниҳоии машқҳо дар Тоҷикистон гузаронда мешаванд. Ҳадафи мо ҳамоҳангӣ барои ошкор кардани фаъолиятҳои террористӣ-экстремистӣ мебошад, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва эмиссарҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешаванд”.
Ба гуфтаи Новиков марказҳои зиддитеррористии ИДМ дар бораи сомонаҳои ифротгарою террористӣ маълумот ҷамъоварӣ кардаанд: “То ҳол 1618 манобеи иттилоотиро ошкор кардаем, ки шуур ва зершуури шаҳрвандонро мавриди ҳамла қарор медиҳанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |