Болоравии қурби доллар ва рубл дар Душанбе
Қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон давоми ҳафтаи равон боло рафтааст.
Тибқи иттилои бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар бозори нақд ҳудуди 8.0 сомонӣ, 1 евро =8.4500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ҳудуди 0,140 сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла бонки Эсхата дар Душанбе имрӯз қурби 1000 рубли русиро 138,5-139,8 сомонӣ муайян кардааст, ки нисбат ба нишондоди аввали моҳ то 5 сомонӣ бештар мебошад: “Қурби 1 доллари амрикоӣ 7,97-7,98сомонӣ муқаррар гардидааст, ки нисбати нишондоди ҳафтаи гузашта 3 сомонӣ боло рафтааст”.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубл ва долларро барои ҳисобгирии муҳосибӣ имрӯз мутаносибан 0,1353 ва 7,9179 сомонӣ муқаррар намуда, арзиши як евроро 8,4167 сомонӣ нишон додааст.
БМТ ҳушдор медиҳад, ки “берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |