Кӯлоб: Мактаби президентӣ чор рӯз аст об надорад (ВИДЕО)
Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб аз чор рӯзи пеш мушкили дастрасӣ ба об дорад.
Ҷамолиддин Шукуров, мудири ин дабистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҳолат дар пайи хушк шудани чоҳҳои амудӣ ба миён омада ва боиси ташвиш шудааст. Ӯ афзуд, “дирексияи сохтмонии минтақа барои кандани чоҳи нави амудӣ даст ба кор шудааст. Ду чоҳи амудие, ки пештар мактабро бо об таъмин менамуд, якбора хушк гардид”.
Ҷаноби Шукуров афзуд, дар пайи ин ҳолат системаи гармидиҳӣ низ ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Хонандаҳое, ки дар хобгоҳи мактаби президентӣ таълим мегиранд, мегӯянд, аз рӯзи 9 феврал об нест ва ин барояшон мушкил эҷод кардааст.
Ба иттилои масъулини мактаб, дар ин дабистон 522 хонанда ва 44 омӯзгор фаъолият дорад, ки 360 тани онҳо дар хобгоҳ зиндагӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |