Бахшҳо

САҲА ба Тоҷикистон таҷрибаи Сингопур зидди фасодро пешниҳод кард

Созмони амнияти ва ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон таҷрибаи Сингопур дар амри мубориза бо фасодро пешниҳод кардааст. Масъулини мубориза бо фасоди Сингапур мегӯянд, роҳандозии таҷрибаашон иродаи сиёсии қотеъ талаб мекунад.

Тибқи иттилои САҲА таҷрибаи Сингопур, зимни як ҳамоиш дар Вена ба масъулини мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Молдова, Муғулистон ва Укроин пешниҳод гардидаст.

Дар ин семенар, ки аз ҷониби Раёсати ҳамоҳангсозӣ дар умури иқтисодӣ ва фаъолиятҳои зистмуҳитии САҲА дар ҳамкорӣ бо “Corrupt Practices”-и бюрои таҳқиқотии Сингопур созмон дода шудааст, намояндаҳои мақомоти алайҳи фасоди Тоҷикистон, Молдова, Муғулистон ва Укроин ширкат кардаанд ва таҷрибаҳои коркади сиёсати кишвари худ дар амри мубориза бо фасодро низ матраҳ намудаанд.

Ви Лиам Чин, муовини мудири Раёсати таҳқиқотии мубориза бо фасоди Сингопур дар ин семинар гуфтааст, меъёрҳое, ки барои мубориза бо фасод нигаронида шудаанд рӯйкарди маҷмуие мехоҳад, ки ба иродаи сиёсии қотеъ марбут бошад: “Қонунҳои муассир, низоми судии мустақил, истифодаи пурсамар ва хидмати давлатии посухгӯй аз унсурҳои зарурии муассирии истротежик дар амри мубориза бо фасод мебошанд”, гуфтааст ин намояндаи Сингопур.

Сингопур дар ҷаҳон яке аз кишварҳое дониста мешавад, ки баъди ба даст овардани истиқлол дар соли 1965 мубориза бо фасодро бисёр қотеона роҳ андохт ва яке аз омилҳои калидии пешрафти ҳайратовари ин кишварро маҳз муборизаи қотеъ бо фасод медонанд. То ин замон Сингопур як мустаъмараи Бритониё буд ва истеъморгар мехост, ки вазъ кишвар дар чунин ҳол бимонад.

Ли Куан Ю бо ҳизбаш дар интихоботи соли 1959 ғолиб омад ва мақоми нахуствазирии ин кишварро соҳиб шуд ва кори рушди кишвар аз мубориза бо фасод оғоз кард. Ӯ маоши вазирону хидматчиёни сатҳи баланди давлатиро боло бурд. Аз ҷумлаи корҳои Ли Ю ин буд, ки расонаҳои мустақилу ҳақиқатгӯйеро дар ин кор фаъол намуд, ки маъруфтарин чеҳраҳои фасодкорро барои ҷомеаи ошкор кунанд. Яке аз дигар омилҳои калидии пирӯзии Сингопурро дар ин росто ташкили “Бюрои таҳқиқотии фасод” медонанд, ки мардум номи онро “Бюрои таҳқиқотии ҳирсу тамъакории сироятӣ” гузошта буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)