Суҳбати Убайдуллоев бо сафири Фаронса: Аз зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯён то мубориза бо терроризм
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар Душанбе мулоқот кардааст.
Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот панҷшанбеи 9 феврал бо хоҳиши хонум Гуедар сурат пазируфт. Ба иттилои ӯ, дар ҷараёни суҳбат Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори боварӣ кардааст, ки иқтидори парламентарҳои ду кишвар беш аз ҳарвақти дигар барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталиф, бахусус ҷалби сармоягузориҳои фаронсавӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, маорифу тандурустӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор мегиранд ва ҷиҳати боз ҳам фарогирии ҷавонони тоҷик бо донишҳои техникӣ грантҳои таъинотию семинарҳои омӯзишӣ роҳандозӣ шуда, теъдоди бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Фаронса барои донишҷӯёни тоҷик зиёд карда мешаванд.
“Ҷонибҳо масоили ҳамоҳангии фаъолияти минбаъдаро оид ба муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ, зуҳуроти номатлуби ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон махсус таъкид намуданд”,-афзуд манбаъ.
Хонум Ясмин Гуедар эътимодномаи худро ба ҳайси сафири Фаронса моҳи ноябри соли 2016 ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супурда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |