Ҷузъиёти гуфтушуниди Маскав: Киҳо афв мешаванд ва Путин чиро имзо мекунад?
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, то сафари Владимир Путин ба Душанбе талош мекунанд, созишномаҳоеро таҳия намоянд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудаанд.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи афви муҳоҷирони мамнуъ-ул-вуруд, пардохти маоши онҳо ва ҷазоҳои маъмурии муҳоҷирон 8-уми феврал дар мулоқоти Сатторов бо ноиби вазири умури дохилии Русия Александр Горов баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот Сатторов аз ҳамкории қудратиҳои Тоҷикистону Русия дар умури амният ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карда, масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро ба миён гузоштааст. Сатторов хостори афви муҳоҷироне шудааст, ки барои ҳуқуқвайронкуниҳои сабуки маъмурӣ ва аксаран бори аввал аз Русия хориҷ шудаанд: “Дар маҷмуъ теъдоди муҳоҷироне, ки барои ҳуқуқвайронкуниҳио сабуки маъмурӣ дар Русия мамнуъ-ул-вуруд шудаанд, 128 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин дар ҳоли ҳозир масъалаи афви 68 ҳазор нафар дар миён аст. Аз ҷумла метавонанд муҳоҷироне афв шаванд, ки беш аз 2 сол дар феҳрасти мамнуъ-ул-вуруд қарор доранд”.
Ба гуфтаи сафири тоҷик дар мулоқот инчунин тарҳи созишномаҳое баррасӣ шуданд, ки дар назар аст, зимни сафари Владимир Путин ба Душанбе имзо шаванд: “Бештар созишномаҳоеянд, ки ба таҳкими муносибатҳои иқтисодию гуманитарӣ равона шудаанд”.
Инчунин масъалаҳои интихобу сафарбаркунии муташаккили муҳоҷирони тоҷику масъалаи пардохти ҳаққи онҳо баррасӣ шудаанд, ки ба гуфтаи Сатторов агар ҷонибҳо ба мувофиқа расанд, созишномаҳо дар ин бора зимни сафари Путин ба Душанбе имзо хоҳанд шуд: “Мо умед дорем, ки то сафари Путин санадҳое имзо хоҳанд шуд, ё қарорҳое қабул мегарданд, ки воқеан ба нафъи муҳоҷирон хоҳанд буд. Ин масълаҳо дар ҳоли баррасиянд”.
Дар назар аст, ки сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Душанбе 28-уми феврал сурат гирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |