Ҳалокати 2 сокини Шуғнон дар зери яху тарма
Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳалокати ду сокини ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд.
Носир Суриев, раиси ҷамоати Вер имрӯз, 7-уми феврал дар суҳбат бо хабаругзории “Ховар” гуфтааст, як нафар ҳангоми фаромадан аз боми хона зери тарма мондаст: “Дуюмӣ кӯдаки панҷсола мебошад, ки дар соҳили дарё бозӣ карда, зери пояш яхпора шикаста, даруни об рафтааст”.
Ба гуфтаи раиси ҷамоат, водии Ғунд беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр баланд аст ва қабати барф зимистони имсола то 1,5 метр расидааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафари дигар дар пайи барфрезию тармафароӣ дар ВМКБ хабар дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |