Ёрдамчии Президент: Ҷазоҳои сангин бозбинӣ мешаванд
Ҷазоҳои сангини пешбининамудаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо назардошти омилҳои башардӯстӣ бозбинӣ мешаванд.
Дар ин бора имрӯз, 3-юми феврал Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Шоҳназаров феълан як комиссияи махсус ташкил шудаст, ки барои таҳияи Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав фаъолият дорад: “Дар таҳрири нав масъалаҳои башардустӣ ва ҷазоҳои сангин баррасӣ мешавад”.
Дар мавриди татбиқи ҳукми қатл барои террористону экстремистҳо ёрдамчии Президент аз уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доири созишномаҳои байналмилалӣ зикр карда, афзуд, манъи ҳукми қатл яке аз онҳост. Ӯ илова намуд, ки эълони “маротория” барои татбиқи ҳукми қатл низ навъи башардӯстӣ мебошад ва ин масъала дар оянда боз баррасӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |