Эътирози дипломатҳои ИМА аз дастури манъи муҳоҷират
Департаменти давлатии ИМА тасдиқ кард, ки наздик ба 900 дипломати амрикоӣ аз саросари ҷаҳон эътирози худро ба дастури президент Доналд Трамп барои манъи вуруди паноҳандагон ва меҳмонон аз ҳафт кишвари мусулмоннишин ба ИМА изҳор доштаанд.
Ёддошти мухолифат ба сиёсати расмӣ рӯзи 31 январ ба воситаи хатҳои махсуси робита, ки барои изҳори дигарандешии мансабдорон таъсис ёфтаанд, ба ҳукумат расидааст. Як рӯз баъд аз он ки Трамп иҷрокунандаи вазифаи додситони куллро барои сарпечӣ аз ҳимояти дастури ӯ дар додгоҳ барканор кард, намояндаи Кохи сафед Шон Спайсер дипломатҳои амалкунандаро ҳушдор дод, ки "ҳадаф амнияти ИМА" аст ва онҳо "бояд барномаро иҷро кунанд ё корро тарк".
Дипломатҳо шикоят карданд, ки фармони нав ба бад шудани равобит бо кишварҳои мусалмон ва афрӯхта шудани рӯҳияи зиддиамрикоӣ сабаб гашта, ба онҳое, ки ҳаққи қонунии сафар ба ИМА-ро доранд, осеб мерасонад.
Аз нигоҳи онҳо, сиёсати феълӣ "бо арзишҳои асосии амрикоии адами табъйиз, бозии ростин ва меҳмоннавозӣ мухолиф аст". "Мо аз ин фармони манъ дида беҳтарем," -- изҳор доштаанд дипломатҳо.
Фармони Трамп вуруди мусофиронро аз Эрон, Ироқ, Ливия, Сомалӣ, Судон ва Яман тайи 90 рӯз манъ мекунад. Қабули паноҳандагон 120 рӯз ва фирориёни сурёнӣ барои муҳлати номаълум мамнӯъст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |