02 фев 2017 17:28---
Президенти Туркманистон 8 март ба занон суруди худро тақдим мекунад
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳангоми сафараш ба вилояти Ахал эълон кард, ки ба муносибати Рӯзи бонувон таронаи нави худро бо номи "Нури бахт" хоҳад суруд.
Дар дидор бо бинокорони корхонае, ки аз бензин газ ҳосил хоҳад кард, Бердимуҳаммадов гуфт, дар робита ба иди байнулмилалии занон як силсила сурудҳо офаридааст ва яке аз онҳоро дар он рӯз иҷро хоҳад кард.
Президенти Туркманистон пештар ҳам ҳунари навозандагӣ ва сарояндагии худро ба намоиш гузоштааст. Соли 2011 вай таронаи "Барои ту гулҳои сафеди ман"-ро хонд, ки гуфта мешавад, матнашро низ худаш навиштааст. Аммо ошкор шуд, ки ин таронаро соли 2009 сарояндаи туркман Давлат Аманликов сурудааст. Ба ғайр аз ин Бердимуҳаммадов нақши ди-ҷей ё танзимгари мусиқиро низ бозидааст.
Раҳбари Туркманистон ҳамчунин мунтазам шеърҳои худро мунташир мекунад. Яке аз онҳоро бо номи "Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, ватани азизам Туркманистон" ба оҳанг дароварда, соли 2015 ҳамзамон зиёда аз 4 ҳазор нафар суруданд ва ин падида ба "Китоби рекордҳои Гиннес" ворид шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |