ВИДЕОИ зери тарма мондани сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
“Озодагон” навореро дарёфт кард, ки дар он фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Суғд сабт шудааст.
Ин наворро як корбари хабаргузории мо ирсол кард ва дар он дида мешавад, вақте як гуруҳ одамон дар роҳи бандшуда талоши роҳкушоӣ барои мошинҳоро доранд, аз баландкуҳ тарма фаромада, мошини сабукрави сафедеро пахш мекунад.
Ҳоло маълум нест, ки ин навор кай ва дар кадом минтақаи масири Душанбе-Суғд бардошта шудааст. Шоҳидони ҳодиса аз ҳалокати 4 нафар хабар медиҳанд, аммо ин иттилоъ ҳанӯз дақиқ нест.
Роҳи Душанбе-Хуҷанд рӯзҳои истироҳат шоҳиди тармафароиҳои зиёд шуд ва то имрӯз расман аз ҳалокати 5 нафар хабар расидааст.
Ахиран, расонаҳо навори дигареро нашр карданд, ки нишон медиҳад, гуруҳе аз мардум аз зери тарма чор мусофири як сабукравро наҷот медиҳанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз барфрезӣ ва тармафароиҳои нав дар қаламрави кишвар ҳушдор дод. Тибқи иттилои ин ниҳод 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа пешбинӣ шудааст: “Дар навоҳии кўҳӣ туман, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар назар аст. Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад".
Мақомоти тоҷик аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш доранд, дар ин давра аз сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сафар тариқи минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |