Салимзода пуштибонии мақомоти тоҷикро аз мафия бофта хонд
Шерхон Салимзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, иддао, ки гӯиё мақомоти тоҷик аз мафияи нашъаҷаллоб пуштибонӣ мекунанд, беасос аст.
Салимзода имрӯз, 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” изҳороти Кучай, сафири афғонро дар мавриди пуштибонии мақомоти тоҷик аз мафияи нашъаҷаллоб бофтаи маҳз хонда, таъкид намуд, ки ин изҳороти сафири афғон дар Русия ба ягон меъёри дипломатӣ ҷавобгӯй нест. Ӯ афзуд, ягон кормандаш барои ҳамкорию пуштибонӣ аз нашъаҷаллобон дар соли гузашта боздошт нагардидааст.
Абдулқаюми Кӯчай, сафири навтаъини Афғонистон дар Русия охири моҳи декабр дар суҳбат бо видеоблоги афғонӣ гуфт, пушти интиқоли маводи мухаддири Афғонистон русҳо ва мафияи Тоҷикистон меистад. Ӯ дар мавриди тоҷику Тоҷикистон афзудааст, ки “Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст”.
Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон ахиран таъкид намуданд, ки чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |