Ҳалокати 2 тоҷикистонӣ дар садамаи пурқурбонии Маскави нав (ВИДЕО)
Cафорати Тоҷикистон дар Маскав аз қавли Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия иттилоъ дод, ки миёни ҳалокшудагон дар пайи бархӯрди УАЗ ва Тойота 2 нафар тоҷикистонӣ будаанд.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, то ҳол ҳалокати ду тоҷикистонӣ дар садама дақиқ шудааст: "Инҳо Кузиев Эркинҷони 35-сола аз Чкаловск ва Сакизов Бахтиёри 30-сола аз Хуросон мебошанд. То ҳол шахсияти 5 нафари ҳалокшуда маълум гардида, муайянсозии ҳуввияти се нафари дигар идома дорад. Сафорат барои муайянсозии шахсият ва таҳқиқи ҳодиса бо мақомоти Русия ҳамкорӣ карда истодааст”.
Бархӯрди Тойота бо УАЗ, ки соати 16:00-и 1-уми феврал дар шоҳроҳи Варшавскоеи минтақаи Маскави нав рух додаст, ҳадди ақал 8 кушта ва 4 маҷруҳ барҷой гузоштааст.
Тибқи иттилои мақомоти Русия дар пайи бархӯрди шадид УАЗ, ки ҳомили муҳоҷирон аз Осиёи Миёна будааст, оташ гирифтааст ва мусофирон дар дохил дармондаанд: “Ҷасади сӯхтаи мусофирон аз УАЗ берун шудааст”.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Мақомоти Русия гунаҳкори ин садама ронандаи 22-солаи Тойотаро медонанд, ки бо суръати баланд ба хатти муқобили ҳаракат баромадаст: “Феълан алайҳи ӯ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |