Зуҳуров ба муовини вазир: Шиорпартоӣ бас аст, кор кунед!
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз мизони пасти ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нигаронӣ кард.
Раиси палатаи поёнии парлумон имрӯз, 1 феврал аз муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пурсид, ки ҳоло ҳиссаи саноат дар ММД чанд дарсадро ташкил медиҳад? Акрам Рӯзизода дар посух гуфт, ки он 15 фисад мебошад. Ҷаноби Зуҳуров таъкид намуд, ин хеле кам аст ва афзуд, тибқи нақша он то соли 2020 бояд ба 35 дарсад баробар карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин ба суханҳои Рӯзизода дар бораи пешрафтҳо дар бахши саноат эрод гирифт. Вақте муовини вазир дар бораи таъсиси корхонаҳои бузург дар кишвар суҳбат намуд, Шукурҷон Зуҳуров гуфт, мардум медонанд, ки ин иншоотҳо бо маблағи сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудаанд. Ӯ дар идома афзуд: “Шиорпартоӣ бас аст. Вазифаҳо мушаххас ҳастанд, Пешвои Миллат дар паёмашон гуфта буданд. Акнун кор кунед”.
Акрам Рӯзизода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи палатаи поёнии парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат”-ро муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи вай, дар доираи ин тарҳ таъсиси Фонди рушди саноат ва системаи ягонаи иттилоотӣ дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |