Қурби рубл поину аз доллар боло рафтааст
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз, 1-уми феврал қурби миёнаи 1 доллари амрикоӣ дар бозори нақди кишвар 7,95 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондоди ҳафтаи гузашта 2 дирам бештар мебошад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод арзиши миёнаи 1000 рубл имрӯз дар бозори нақд ба 132,3 сомонӣ баробар шудааст, ки дар қиёс бо ҳафтаи гузашта 1 сомонӣ поинтар мебошад.
Дар бархе аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 31-уми январ қурби доллар 7,93-7,95 сомонӣ, 1000 рубл 131-133 ва евро 8,40-8,85 сомонӣ муқаррар гардида буд.
Имрӯз Бонки Миллӣ барои муомилот дар бозори ғайринақдӣ, аз ҷумла барои ба ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии 1 доллари ИМА-ро = 7.9019 сомонӣ, 1 евро = 8.4600 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1296 сомонӣ муайян кардаст.
БМТ ҳушдор медиҳад, ки «берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |