Бахшҳо
01 фев 2017 10:05Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳси пул ва бунёди саривақтии “Роғун” дар мулоқоти Президент бо Салинӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 31-уми январ дар мулоқот бо Пиетро Салинӣ, роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) бунёди саривақтии нерӯгоҳи “Роғун”-ро баррасӣ намудааст. Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки омили муҳими иҷрои саривақтии корҳо дар Роғун масъалаи пулӣ мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳо ва рафти маблағгузории сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои вобаста ба молия ва сармоягузориро аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди неругоҳ арзёбӣ намуданд: “Изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби Ширкати «Салини Импреҷило» ҳамчун ширкати боэътимод ва пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок менамояд, барои иҷрои корҳои лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт саривақт бартараф карда мешавад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷузъиёти камбудию мушкилоти ҷойдоштаро ироа накардааст. Аммо Пиетро Салинӣ дар пайи ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ширкаташ дар сохтмони сарбандҳо пешсаф буда, боварӣ дорад, ки дар Роғун низ натиҷаҳои назаррасро ба даст меорад. Ӯ афзуд бо бунёди Роғун, ки орзуи ҳар тоҷикистонист, барои ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Таъкиди ҷонибҳо ба масъалаи молӣ дар ҳолест, ки Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ахиран гуфт, соли равон барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз буҷаи давлат 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбати соли пешӣ 200 миллион сомонӣ камтар мебошад.

Масъулини молия коҳиши маблағгузориро дар доираи нақша ва ниёзмандиҳо ба маблағ дар майдони сохтмони Роғун гуфтанд. Вазорати молия инчунин тасдиқ кард, ки кормандони Роғун моҳҳои охир маош нагирифтаанд ва изҳор доштанд, ки ин мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии зидди фасод дар соли 2016 дар ин иншооти асри Тоҷикистон фасодкориҳо ошкор кардааст. Абдукарим Зарифзода, муовини сардори Оҷонсии зидди фасод ин иттилоъро 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ кард. Ӯ гуфт, воқеан дар нерӯгоҳи Роғун ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ошкор шудаанд, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар ба далели махфӣ будани иттилоъ дар ин бора худдорӣ намуд.

1 июли соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA)-и Итолиё созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Маблағи умумии созишнома 3,9 миллиард доллар гуфта мешавад. Масъулини ширкат баъди имзои созишнома гуфтанд, ки аввалин чархаҳои неругоҳ соли 2018 ба кор медароянд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон охири октябри соли гузашта дар расми бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соҳили дарёи Вахш шахсан иштирок намуда буд.


Баҳси пул ва бунёди саривақтии “Роғун” дар мулоқоти Президент бо Салинӣ

Баҳси пул ва бунёди саривақтии “Роғун” дар мулоқоти Президент бо Салинӣ

Баҳси пул ва бунёди саривақтии “Роғун” дар мулоқоти Президент бо Салинӣ

Баҳси пул ва бунёди саривақтии “Роғун” дар мулоқоти Президент бо Салинӣ
Мӯҳр
О намеша то хами парчаму театру бинохои бесохиб сохтана маблага ба рогун равона кунед ? Хама сохтмонхои кишвар беманфиат сохта мешавад. Ягон бинандаву хохишманд нест. Чойхонаи харбуза хору хазон гашта аз барфу борон бе муштари хоб аст. Китобхонаи милли хам бе муштари дараш боз аст. Теаптхои сохташудаистолаам хамчунин бе муштари мешеавад. Бозори пойтахт 90 хам касе намера. Охи худнамоихам як хаде дорад бафикрам

як бори дигар сахмия чамъкардан даркор АСТ.

Наблюдатель
мехмед,
Аз ки сахмия чамь мекунед? Хама баромада рафт....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)