Раҳбари “Узбекистон хаво йуллари”: Парвозҳо ба Душанбе ояндаи наздик роҳандозӣ мешаванд
Сарвари кулли ширкати миллии ҳавонавардии Узбакистон гуфтааст, ояндаи наздик парвозҳо ба Тоҷикистон барқарор мешавад.
Валерий Тян ин нуктаро панҷшанбеи 26 январ дар нишасти хабарие бахшида ба 25-солагии ширкати “Узбекистон хаво йуллари” таъкид намудааст. Ба гуфтаи ӯ, “созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳ шуда ва омодаи имзо аст. Парвозҳо ба Душанбе ояндаи наздик роҳандозӣ мешавад”.
Моҳи ноябри соли 2016 Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, бар пояи протоколе, ки миёни Тоҷикистону Узбекистон ба имзо расид, нахустин парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд моҳи январи соли 2017 амалӣ хоҳад шуд: “Парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Узбекистон “Узбекистон ҳаво Йуллари” ба роҳ мемонанд. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд- Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда шавад, зеро ин нуқта дар протокол дарҷ шудааст”.
Парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе соли 1992 қатъ гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |