Бахшҳо
13 янв 2017 15:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Тоҷикстандарт” ва додситонӣ харкушӣ дар Суғдро шарҳ доданд (АКС+САДО)

Ибодулло Қурбониён, директори оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, дар пайи нашри навори харкушиҳо дар интернет ин масъаларо мавриди санҷиш қарор додаанд.

Қурбониён имрӯз, 13-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар пайи нашри наворҳо дар дили мо ҳам шубҳа пайдо шуд ва як гуруҳи корӣ масъалаи гӯшти хар дар Суғдро мавриди санҷиш қарор дод: “Гуруҳи корӣ муайян намуд, ки харҳоро ба хотири пӯст мекуштаанд”.

Раиси “Тоҷикстандарт” аз наворҳои паҳншуда дар интернет зикр кард, ки он ҷо гуштҳо партофтагӣ буданд, аммо пӯсти хар набуд. Ба гуфтаи ӯ пӯсти хар нисбат ба пӯсти ҳайвонҳои дигар қиматтар будааст ва онро бархе тариқи қочоқ ба Қирғизистон содир мекардаанд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд ҳам имрӯз, 13 январ зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи иттилоъ дар бораи пӯсти хар гуфт, "воқен ҳам дар ВАО ва умуман, миёни аҳолӣ гапҳо оид ба истифодаи гӯшти хар бениҳоят зиёд шуда истодаанд ва аз рўйи санҷишҳо ба забҳ кардани гўшти хар ин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин, коркарди пўсти хар дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҶДММ, ки "Файзи Мастчоҳ" ном дорад, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян карда шудааст ва оид ба ин гурўҳи корӣ ташкил гардидааст, ки сабабҳои аз куҷо дастрас кардан, ба куҷо бурдан, бо кадом мақсад пўсти харро истифода кардан, ҳамаи ҳамин ҳолатҳо мавриди санҷиш қарор дорад".


Ҳабибулло Воҳидов


“Тоҷикстандарт” ва додситонӣ харкушӣ дар Суғдро шарҳ доданд (АКС+САДО)

“Тоҷикстандарт” ва додситонӣ харкушӣ дар Суғдро шарҳ доданд (АКС+САДО)
Мӯҳр
Точикистон ягон лаборатория дорад,ки гуштхои дар ошхонахову (сихкабоби хучандиро) тафтиш кунад аник кунад ,чунки хабархо оиди гушти хар дар ш Душанбе хело зиёданд.
Гушту гушти кимаро бештар аз тарафи Хучанд оварда ошхонахои шахрро бо гушти арзон таъмин мекунанд ,мабодо гушти хар набошад.
Банда давоми 3 сол мешавад дар ошхонаву кахвахонахои шахр харакат мекунам хурок нахурам ,дилам вахм мекунаду таъбам намебиёд.
Озодагон илтимос хамин мавзуъро пайгири кунед ,медонам аз ухдааш мебароед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)