“Ямал” мутмаин аст, ки иҷозати парвоз ба Тоҷикистонро дарёфт мекунад
Ширкати ҳавонавардии “Ямал” гуфтааст, иҷозати анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Тоҷикистонро мунтазир аст.
Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ин ширкат ба РИА Новости гуфтааст, “ҳамин ки иҷозат гирифтем, аз анҷоми парвозҳо хабар медиҳем. Ба ҳисобҳои ман ин ин кор на пештар аз 15 январ сурат мегирад”.
Ӯ гуфтааст, парвозҳо ба таъхир андохта мешаванд, аммо дар бораи лағви онҳо сухан намеравад: “Парвозҳои қаблан банақшагирифтаро лағв намекунем, балки ба таъхир меандозем. Дар сурати зарурат чиптаҳои харидашударо бармегардонем ва ё ба санаи дигар мегузаронем”.
Вазорати нақлиёти Русия қаблан эълон кард, омодаи азсаргирии музокирот бо ҷониби Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки музокироти ахири Душанбеву Маскав бенатиҷа поён ёфта буд.
“Таниши ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия баъди он сар зад, ки Душанбе ба ширкати “Ямал” иҷозати парвоз аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷандро надод. Дар посух Маскав парвози ширкати “Сомон Эйр”-ро ба чанд шаҳри Русия манъ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |