Таҳдиди аз кор рондани кормандони давлатие, ки дар мағозаҳо навбат мепоянд
Муассисаҳои давлатии Туркманистон аз кормандонашон талаб доранд, барои харидани маводи камёфт навбат напоянд. Давоми моҳҳои охир навбатпойии харидорон пушти дари мағозаҳои давлативу хусусӣ зиёд шудааст.
“Ба мо супориш шудааст, ки барои харидани маводи камёфт навбат наистем. Роҳбарият огоҳ кард, ки ҳар киро дар навбат диданд, аз кор хориҷ мешавад”, - мегӯяд як корманди маркази тиббии Ишқобод.
Дастури мақомот дар ҳолест, ки дар Туркманистон вақтҳои охир пайдо кардани сигор ва дигар маводи аввалияи ғизоӣ душвор шудааст. Сокинон ба хусус барои харидани шакар, орд, равған навбат меистанд. Дар бархе ҳолат миёни харидорон ва пулис занозанӣ низ рух медиҳад.
Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон харидорон то як моҳ пеш дар навбат номнавис мекунанд. Ҳукумати Туркманистон дар навбати худ, ин мушкилро мустақиман намехоҳад ҳал кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |