Бахшҳо
22 дек 2016 08:41Тоҷикистон / Сиёсат

Сокинони Тоҷикистон ба хотири паёми Президент барқ мегиранд

Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, имрӯз, 22 декабр ба муносибати паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони кишвар, дар саросари ҷумҳурӣ аз соати 06:00 то 14:00 барқ дода мешавад.

Тибқи иттилои масъулини ширкат, ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки паёми Президент тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ мустақим пахш мешавад ва “шаҳрвандон имкон пайдо намоянд, то аз он огоҳ шаванд”.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои дафтари матбуоти “Барқи тоҷик”, ҳамарӯза дар минтақаҳои кишвар, ки дар ҳоли маҳдудият барқ мегиранд, аз соати 05:00 то 11:00 ва бегоҳӣ аз соати 16:00 то 22:00 барқ дода мешавад.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, иҷлосияи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум 22 декабр дар шаҳри Душанбе соати 9:00 дар назар аст.

Охирин маротиба Эмомалӣ Раҳмон паёми солонааш ба парлумонро 20 январи соли равон ироа карда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмҳояш ба парлумон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, ҳадафҳои асосии солонаро дар назди ҳукумат ва парлумон пешниҳод мекунад.
Мӯҳр
Тамошобини Кухистон
Агар хамин пайёми Чаноби Оли намешуд ба фикрам дар ин фикр набудедтон. Худаш маълум чунки вазифа бехад чизи ширинай, даркор шавад падарро аз писар чудо мекунад. Эй кош ки хамин Чаноби Оли хар руз пайём медоданд, ки ин Рохбарияти Барки Точик дар тамоми каламрави Точикистон алалхусус дар нохияихои дурдасти Кухистон кувваи баркро хомуш намекард. Ана свету мана свет. Боз ман фикр кардам, ки ба муносибати пайёми Чаноби Оли дигар свет намемурад. О акаллан ба ин хотир то соати 12.00 - и шаб кувваи баркро хомуш накунетон.

Ох "БЕБАРКИ", "БЕБАРКИ", "БЕБАРКИ"... то ба кай. ИНШОАЛЛОХ бовари дорем, ки ТОЧИКИСТОН дар ду-се соли оянда ба НУРИСТОН табдил меёбад. РОГУНЧОН-ро бо бародарони итолиёвиамон созем, баъд ба бародарони душмангаштаамон хам РАВШАНИ медихем. Чунки мо точикон дар дил кина намегирем. Мачрои зиндаги тагйир ёфта, мушкилихои солхо боз думболагирамон охиста-охиста бартараф хохад гашт... Мо метавонем, чунки ПЕШВО (сохиб) дорем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)