Кӯмакхоҳӣ барои табобати Мадина: Ҷигарбандамро наҷот диҳед...
Майсара Ҷӯраева, як сокини шаҳри Душанбе барои муолиҷаи духтараш Мадина Сайфиеваи 20-сола, ки аз бемории гепатит С ранҷ мекашад, аз кулли сокинони саховатманди кишвар кӯмак мехоҳад.
Модари Мадина, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, духтараш тайи 4 сол аз ин беморӣ ранҷ мебарад ва ба танҳоӣ аз уҳдаи табобати ҷигарбандаш баромада наметавонад.
Майсара Ҷӯраева афзуд, барои табобати Мадина доруҳои гаронарзиш заруранд ва ӯ тайи ин чор сол ҳама дороияшро харҷи табобати духтараш кардааст: “Ман як зани танҳоям ва тайи ин солҳо ҳамаи дороиямро барои беҳбудии саломатии духтарам сарф кардам. Дигар тавони харидории доруҳои заруриро, ки қимматашон хеле гарон аст, надорам ва ба кўмаки мардуми саховатманд ниёз дорам”.
Майсара Ҷӯраева мегӯяд, имрӯз шояд ширкатҳои кумакрасони хайриявӣ бошанд, ки барои дастрасии доруҳо ва ё табобат кӯмак кунанд: “Табибон гуфтанд, ки табобати ин беморӣ дар хориҷа бояд сурат бигирад, ки маблағи зиёдро талаб мекунад, аммо имрӯз ман ҳатто барои хариди одитарин дору имкон надорам”.
Ӯ мегӯяд, чун дигар модарон умеду орзуҳои зиёд дорад то хушиҳои духтарашро бубинад.
Афроде, ки имкон доранд, ба ин модар ва ҷигарбандаш кӯмаке расонанд, метавонанд тариқи рақамҳои 917 23 23 11 бо модари Мадина дар тамос шаванд ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |