Ҳимояи ҳукумат аз тағйири номи Муғулиён, Куктош, Оқтеппа ва...
Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вакилони халқии вилояти Суғдро барои тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишин дар навоҳии Панҷакент, Конибодом, Ашт ва Спитамен ҳимоят кардааст.
Бар асоси қарори нави ҳукумат номи деҳаи Муғулиёни шаҳри Панҷакент ба Сафобахш, Қизилҷар ба Зарринрӯд, Камартош ба Камардашт, Ҷамбулак ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа ба Осиёбтеппа, Куктош ба Кабудсанг, Кичик Шурнова ба Шурноваи хурд тағйир дода мешавад.
Инчунин деҳаи Шоҳидқараянтоқи ноҳияи Конибодом ба Диловарон ва деҳаи Яккатерак ба Сафедорак иваз мешавад: “Деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ашт ба Қалъача, Қамишқурғон ба Ҳуҷистон табдил меёбад”.
Дар ноҳияи Спитамен деҳаҳои Оқтеппа ба Сафедтеппа, Фармонқурғон ба Фармонқалъа, Саидқурғон ба Саидқалъа, Қуштегирмон ба Сариосиё тағйир дода мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти мазкурро барои тасвиб ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |