Э.Раҳмон ҳамла ба калисои қибтиҳоро маҳкум кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи таркиши фоҷеабор дар шаҳри Қоҳира, ки талафоти зиёд дошт ба ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи таслият ирсол кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси аз ҷумла гуфта шудааст: “Хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари дӯсти Миср бар асари таркиши даҳшатангез дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи инҷониб гардид”.
Президенти Тоҷикистон бо нигаронии шадид ин амали ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум карда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри маҳви терроризм ва ифтротгароӣ таъкид кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар поёни ин нома ба наздикони қурбониён изҳори амиқи ҳамдардӣ намуда, ба осебдидаҳо шифои комил орзу намудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои Миср дар пайи ҳамлаи интиҳории рӯзи 11 декабр, ки дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира сурат гирифт, бештар аз 25 тан ҳалок ва 49 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |