Истиқболи САҲА аз барқарор шудани муҷаввизи журналистони тоҷик
Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури расонаҳо аз тасмими Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди барқарор кардани муҷаввизи кории хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ истиқбол кардааст.
Дар иттилоияи САҲА аз қавли хонум Миятович омадааст: “Ман аз тасмими вазорат барои дубора барқарор кардани эътиборномаи Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Раҳматов, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим хушнудам. Аммо, такроран даъват мекунам, ки эътиборнома ба ҳайси муҷаввизи кор ё як шарти машғул шудан ба кори рӯзноманигорӣ истифода нашавад”.
Пеш аз ин Анҷумани расонаҳои мустақил ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо як изҳороти муштарак аз барқарор шудани муҷаввизи хабарнигорон изҳори хушнудӣ карданд. Дар номаи ин ду ниҳоди марбут ба рӯзноманигорон инчунин изҳори умедворӣ шудааст, дар ояндаи эътиборнома бо ҳадафи маҳдуд кардани ҳуқуқи хабарнигорон истифода бурда намешавад.
Муҷаввизи хабарнигорони Радиои Озодӣ 25 ноябри аз ҷониби Вазорати умури хориҷӣ боздошт ва аввалҳои моҳи декабр барқарор шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |