Узбакистон: Натоиҷи интихоботи президентӣ баъди зуҳр эълон мешавад
Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон баргузоршуда эълон шуд.
Расонаҳои ин кишвар аз қавли Комилҷон Одилов, раиси Комиссияи марказии интихобот менависанд, рӯзи гузашта, 4 декабр 17,69 миллион ё 86,62 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй ба нуқтаҳои овоздиҳӣ рафтаанд.
Одилов гуфтааст, дар ҷараёни интихобот тақаллуб дида нашудааст ва натиҷаи муқаддамотии интихоботи имрӯз, 5 декабр соати 4-и маҳаллӣ эълон мешаванд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон се моҳ баъд аз марги Ислом Каримов, нахустин раисҷумҳури ин кишвар, ки дар синни 78 даргузашт, баргзор шуд.
Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Узбакистон аз ҳизби либерол-демократ аз бозигарони меҳварии ин интихобот гуфт мешавад. Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров – намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Узбакистон аз номзадони дигари мақоми раисҷумҳурии Узбакистон мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |