“Рейд барои сатр”-сабаби моҷаро миёни корманди амният ва занони Кумита
Гулӣ Зардова, рӯзноманигори тоҷик, ки аз рафтори ношоями корманди мақомоти амният дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занони Тоҷикистон хабар дод, асли моҷароро ба “Озодагон” баён дошт.
Ӯ имрӯз, 28-уми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, он ҷавон воқеан корманди мақомоти амнияти ноҳияи Шоҳмансур буда, моҷаро барои “рейд” алайҳи сатр сар задааст: “Чанд рӯз дар бозорҳо ҳамин хел рейд мегузарондаанд, ки корманди Кумитаи занон рафта сатр мепурсидааст. Онро пинҳонӣ мефурӯшанд ку ва агар фурӯшанда мегуфтааст, ки дорем, ин ҷавон рафта, онро меқапидаст”.
Мусоҳиби “Озодагон” афзуд, дар рӯзи сар задани моҷаро кормандони Кумитаи занон натавонистаанд, дар “рейд” иштирок кунанд, аммо ин ҷавон меравед гуфта, моҷаро бардошт.
Гулӣ Зардова дар саҳифаи фейсбукияш навишт, ки 27 октябр дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон шоҳиди рафтори ношоями ҷавоне шудааст, ки худро "корманди амният" муаррифӣ мекард.
Хонум Зардова гуфт ин ҷавон худро "корманди амният ва бачаи генерал Саидов" ном бурда, бо нишон додани ҳуҷҷати "муқоваи сурхдор" ба ҳозирин дод мезад: "Ӯ ба ҳозирин дод зада фармон медоду, нафасгирӣ намегузошт. Яке аз духтарон эътироз овард, вале ҷавон ба ӯ дӯғу пӯписа зада гуфт:
- Ту медони катии кӣ гап задестай!? Ма коркуни амниятм, фаҳмидӣ! Даркор шава ҳама кора мепартойю, қати ма мерай...!"
Ӯ дар идома менависад, ҷавони дигаре ин рафтори "корманди амният"-ро дида, аз духтарон пуштибонӣ кард: "Корманди амният ба ғазаб омада ӯро ба сӯҳбати як ба як даъват намуд. Аз авзову рафтор ва гуфтори ҳамин ҷавон, ки ҳар лаҳза ҳуҷҷаташ "удостоверенияаашро" бароварда ба рӯи одамон тиқонда, бале, маҳз тиқонда, ҳатто имконияти хондани ному насабашро намегузошт, аз даҳонаш хаф паридагӣ барин фоффофкунон ҳайтас мезад".
Гулӣ Зардова мегӯяд, дигар тоқат накард ва худро ба он ҷавон муаррифӣ кард: "Ӯ ба ман ким чӣ хел аз боло ба поён нигариста гуфт:
- Хай чӣ! Баъд чӣ!? Ма коркуни амниятум, ту хдта ба ма сарбасар накн!
Гумон макунед, ки ман инҷо ба хатои техникӣ роҳ додаам, не, айнан ҳарфзании ҷавонро овардаам. Вақте ӯ ғалғала бардошта, яке аз кормандони Кумитаро ба берун кашида бурданӣ шуд, камина аз қафояш баромада, насиҳат кардам.
Насиҳат он тараф истад, ки чизеро намедиду намешунид.
Ту медони ма киюм!?
Ма бачаи генерал Саидов ҳастм! Пота ба пои ма дароз накун...!"
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд ва дар сурати дастрас шудани назари мақомот "Озодагон" онро дар зудтарин фурсат нашр мекунад.
Ин қазия дар ҳолест, ки қаблан мақомот аз ифшои чанд ҳолате хабар доданд, ки баъзе ашхос худро "корманди мақомот" ё хеши афроди воломақом муаррифӣ карда, ба қонуншиканию бетартибиҳо даст мезадаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |