Бахшҳо
24 окт 2016 14:30---

Бозор Собир: Ягон кас дар ягон ҷо маро таҳдид накардааст

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик мегӯяд, аз парванда дар мавриди сӯиқасд ба ҷонаш хабар надорад.

Ӯ имрӯз, 24-уми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз мақомот ӯро дар ин бора касе огоҳ накардааст ва боре ҳам бозпурсӣ нашудааст: “Даъват накарданд, дар ин бора тасаввур надорам. Ягон кас дар ягон ҷо маро таҳдид ҳам накардааст”.

Бозор Собир афзуд, "дар мавриди он ки гӯиё касе сӯиқасд ба ҷони маро доштааст, дар Амрико шунидам. Ба Низомиддин (Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) занг задам, ки бинад, ҳамин дуруст аст ё на”.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавриди сӯиқасд ба ҷони Бозор Собир аз хабарнигори “Озодагон” шунид ва гуфт, ки баъди шинос шудан бо асли қазия дар ин бора изҳори назар хоҳад кард.

Гулчеҳра Собир, ҳамсари Бозор Собир ҳам изҳор дошт, ки пайваста ҳамроҳи шавҳараш ҳаст ва тайи ин муддат касе ӯро таҳдид накардааст: “Дар ҳама ҷо ӯро хуб истиқбол мегиранд. Ин хабарҳоро имрӯз шунидем. Агар касе таҳдид мекард ё дар ин бора мешунидем, мерафтем, хабар медодем”.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Беҳрӯз Ядгоров, ҷавони 26-солаи тоҷикро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи “Давлати исломӣ” ва "сӯиқасди ҷиноят” ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст. Тибқи иттилое, ки аз қавли додгоҳи Исмоили Сомонӣ расонаӣ шудааст, Ядгоров гӯиё аз роҳбаронаш дар Сурияю Ироқ барои "дидани масъалаи Бозор Собир" иҷозат пурсидааст. Аммо қабл аз расидани посухи роҳбаронаш аз Сурия ва Ироқ мақомот Ядгоровро боздошт ва зиндонӣ кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)