Бахшҳо
19 окт 2016 08:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

IWPR ба рӯзноманигорони тоҷик стандартҳои байналмилалии инъикоси масоили ифротгароӣ ва озодиҳои диниро меомӯзад

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон аз эълони озмун барои иштирок дар давраҳои омӯзишии 4-рӯза барои хабарнигорони кишвар хабар медиҳад.

Мубтакирони ин тренингҳо ба “Озодагон” гуфтанд, давраҳои бозомӯзӣ дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” сурат мегирад: “Тренингҳо таҳти унвони “Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа гузаронда мешаванд”.

Манбаъ мегӯяд, дар ин давраҳо хабарнигорони ВАО-и мустақил ва ҳукуматӣ, ки ҳозиранд, пас аз омӯзиш ва гирифтани ёрии техникӣ, дар мавзӯъҳои зикршуда маводи таҳлилӣ, мултимедиявӣ интишор намоянд, метавонанд иштирок намоянд: “Ба иштирокчиён тарзи инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон, озодиҳои динӣ тибқи стандартҳои байналхалқӣ омӯзонда мешавад. Инчунин онҳо тарзи таҳияи маводи мултимедӣ бо истифода аз таҷҳизоти техникӣ (планшет)-ро меомӯзанд ва имкон пайдо мекунанд, ки дар озмуни ҳарсолаи IWPR оид ба инъикоси беҳтарини мавзӯҳои ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ ширкат варзида, соҳиби яке аз 6 мукофоти моливу пулӣ гарданд”.

Иштирокдорони тренингҳо дар асоси озмун муайян мегарданд. Хоҳишмандонро зарур аст, дархост барои иштирок дар озмунро ба нишонии электронии дафтари IWPR дар Тоҷикистон iwpr.tajikistan@iwpr.net ирсол намоянд. Телефонҳо барои тамос: (+992 44) 640 10 11; 640 10 12;640 10 13: “Муҳлати охири қабули дархостҳо: соати 17:00, рузи душанбе, 31.10.2016”.

Шакли дархостро аз ин ҷо боргирӣ кунед.
Мӯҳр
Рустам
Хохишмандем телефонхои шахсони масъули дафтари IWPR-ро барои тамос нависед.

Аз хамкасбони азизам эхтиромона хохиш дорам, ки раками телефонхоро барои тамос бо масъулони курсхои омузиши ирсол мекарданд. Каблан сипосгузорам!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)