Бахшҳо
04 окт 2016 10:39Тоҷикистон / Сиёсат

Норозигии Президент аз сатҳи дохилшавии ҷавонони Кӯлоб ба донишгоҳҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сатҳи дохилшавии ҷавонони Кӯлобро ба донишгоҳу доникадаҳо ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маросими ифтитоҳи мактаби нави № 34-и шаҳри Кӯлоб гуфт, соли хониши 2015-2016 макотиби шаҳрро зиёда аз сеюним ҳазор нафар хатм намудаанд: “Аз ин 2 ҳазору 800 нафар дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузашта, 1650 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат дохил шудаанд. Ин рақам 46 фоизи довталабонро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳам қонеъкунанда нест”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри шароитҳои муҳайёнамудаи ҳукумат афзуд, хонандагон низ вазифадоранд, ки аз ин шароиту имконияти барояшон муҳайёгардида самаранок истифода карда, дар оянда ҳамчун кадрҳои замонавӣ ба камол расанд. Ӯ як омили муҳимми саводнокии хонандагонро дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва хуб аз худ кардани забонҳои хориҷӣ гуфт: “Бори дигар ёдовар мешавам, ки донистани забонҳои хориҷӣ ба ташаккул ва тавсеа ёфтани мафкураву ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва барои онҳо дар самти азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд”.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони муассисаҳои таълимиро муваззаф намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби ҳарчи бештари падару модарон ва фаъолону зиёиён корро дар самти татбиқи Қонуни «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беҳтар ба роҳ монанд: “Агар мо хоҳем, ки оянда Ватанамон ободу зебо ва Тоҷикистони азизамон дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дошта бошад, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас бо камоли ҷиддият ва масъулият муносибат кунем. Фарзандони худро тавре тарбия намоем, ки ба омӯхтани илму дониш майлу рағбати доимӣ дошта бошанд ва ҳамчун насли соҳибмаърифату забондон, дорои ҷаҳонбиниву тафаккури васеъ ва мисли падару бобоёни шарафманди худ шахсони ватандӯсту ватанпараст ба воя расанд”.
Мӯҳр
рабочий
Чи лозим аст ба донишгоххо дохил шуда маблаг ва вакти худро бехуда сарф намудан? Танхо 10-15% хатмкунандахо бо ихтисосашон кор меебанд. Бокимонда дар Россия белу чоруб мезананд. Магар бехтар нест, ки ба ягон училище (ПТУ) дохил шуда ягон касби рабочиги, мисли сварщику электрикро аз худ кунанд? Дар Россия дипломи ту ба касе лозим нест.

Рохи халли ин масъаларо ман фикр мекунам, дар худи маркази тести чустан лозим аст. Умуман, дар хама сохахо "чо намегиранд"... Ин масъала ранги бисёр чидди гирифтааст.... Чи гуям,ки нагуфтанам бехтар. Шояд рохбари давлат низ инро эхсос карда бошад?!

мехмон
Чаноби Оли дохилшавиро кам гуфтеду стипендия ва аз кадом хисоб хондан , хурдан ва пушидани донишчуро муайян накардед. Агар 30% стипендияи замони шурави гиранд хама донишчу мешаванд!!!
Чунки маоши падару модар ьа хурдану хезумпули хам намерасад.

тарзан
тахсилро то синфи нух бояд кард.дар синфи 10-11 карибки дарс намешавад.баьди синфи 9-ум коллечро хатми бояд хонад.давомаш интихоб аз худи хонанда.масьлаи харби хизмат накунад тамоман корба кабул нашавад.хама баьд хизатба м-д

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)