Дармонгоҳи 3,5 миллионӣ-туҳфаи соҳибкорон ба милисаҳо дар Рашт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми сентябр дар ноҳияи Рашт ба фаъолияти дармонгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ расман оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дармонгоҳи мазкур бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, аз 17 бино иборат мебошад: “Дармонгоҳ дорои ошхона барои 65 нафар, майдони хурди футбол, волейбол ва майдончаи бозии кӯдакона мебошад.
Барои дармонбахшию истироҳати кормандони ҳифзи ҳуқуқ биноҳои дармонгоҳ бо навтарин таҷҳизот таъмин карда шуда, имкон аст, ки дар як вақт то 60 нафар ба истироҳату тавонбахшӣ фаро гирифта шаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |