Шаҳрванди Тоҷикистон дар “ҷалби одамон ба ДИИШ” гумонбар мешавад
Кумитаи давлатии амнияти миллии Осетияи Ҷанубӣ аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷалби одамон ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” хабар додааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, боздошти Умарҷон Исмонов 17 сентябр сурат гирифтааст: “Дар пайи нақшаҳои фаврӣ маълум гардид¸ки шаҳрванди хориҷӣ бо истифода аз оператори “Мегафон” тавассути барномаи Zello ба тарғиби идеологияи созмони ифротии “Давлати исломӣ”, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, машғул шудааст”.
Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳадафи дастгиршуда муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ будааст.
Кумитаи давлатии амнияти милии Оситияи Ҷанубӣ мегӯяд, ҳамчунин маълум гардид, ки Исмонов қасд доштааст, ғайриқонунӣ тавассути Гурҷистону Туркия ба хоки Сурия биравад.
Манбаъ гуфтааст, Исмонов рӯзи душанбеи 26 сентябр ба Русия истирдод шуд ва қарор аст масъалаи истирдоди вай ба Тоҷикистон баррасӣ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |