Ҳушдори Бан Ки Мун ба роҳбарони ҷаҳон: Аз буғӣ кардани демократия ва ҳабси мухолифонатон даст бардоред!
Бан Ки Мун, дабири кулли СММ ин бор бо лаҳни шадид ва бидуни риояи урфи дипломатия аз шеваи раҳбарии бархе раисиҷумҳурон интиқод кард. Ӯ сароҳатан эълом кард, бархе раҳбарони кишварҳои ҷаҳон бо тағйири Қонуни асосӣ роҳро барои роҳбарии худ ба муддати тулонӣ боз кардаанд. Бан Ки Мун аз он раҳбароне ҳам интиқод кард, ки мухолифини худро зиндонӣ мекунанд ва ба сирқати захоири табии кишвари худ даст зада, ба мардуми худ хизмат намекунанд.
Дабири кулли СММ аз ин раҳбарон даъват кард, роҳро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ боз кунанд ва афзуд: "Итминон ва эътимод аз ҷониби мардум аст. Равшантар таъкид мекунам, Шумо (раҳбарони ҷаҳон дар назар аст,-шарҳи мо) ба мардуматон бояд хизмат кунед. Ва бояд аз буғӣ кардани демократия, ҳамчунин дуздии захираҳои табиии кишвари худ, зиндонӣ кардани мухолифинатон даст бардоред”.
СММ, ки тайи чанд соли охир дар ҳалли умдатарин мукилоти ҷаҳон оҷиз мондааст, ин бор аз раҳбарии роҳбарони кишварҳои дунё ҳарф ба миён овард. Чизе ки ҳеч кас интизорашро надошт ва гумон мерафт, ки Бан Ки Мун дар охирин суханронии худ дар ҳузури сарони кишварҳои ҷаҳон бо ҳамон урфи дипломатӣ сухан хоҳад гуфт. Ҳоло ин суханон баҳсҳои гармеро байни коршинсон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Нигаронии Бан Ки Мун аз шеваи раҳбарии бархе кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Африқо аз воқеият дур нест ва воқеан дар ин кишварҳо раҳбароне дар сари қудратанд, ки ба камияш 92-сола ҳастанд ва беш аз се даҳҳа раҳбарӣ мекунанд. Аммо ин ҳарфҳо то чӣ ҳад боиси эҷоди раванди ислоҳталабӣ дар ин кишварҳо мешавад, суолест, ки бархе коршинсон ба он посухи манфӣ доранд. Ба гуфтаи коршиносон, дар вазъияти феълии ҷаҳон Созмони милали муттаҳид ниҳоди таъсиргузор нест, ки кишварҳоро водор ба ислоҳоти бунёдӣ кунад. Зеро онон муътақиданд, СММ худ низ ба ислоҳот ниёз дорад ва ҳарфаш дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон муассир нест.
Бобоҷон Шафеъ, коршиноси умури байналмилалӣ мегӯяд, нақши СММ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон камранг аст ва чандон таъсир надорад. Ба бовари ӯ, худи ин ниҳод ниёз ба ислоҳот дорад, биноан, ин ҳарфҳои Бан Ки Мун таъсире ба раванди ҷомеадорӣ дар кишварҳои худкома намерасонад: “Гумон аст, ки ин изҳорот чизеро ҳал кунад. Ман чандон хушбин нестам. Изҳороти Дабири кулл ҳамеша як ҳарфи бидуни барномарезӣ аст. Таъсир надорад. СММ солҳои охир камнерӯ шудааст ва ниёз ба ислоҳот дорад. Бан Ки Мун гуфту рафт. Ва боз ин ки поёни муҳлаташ ҳам наздик. Баъди ӯ кӣ меояд, ҳоло маълум нест”.
Таҳлилгар Саъдӣ Ворисов низ бар ин аст далеле вуҷуд надорад, ки режими худкомае бо фишори СММ дигаргун шуда бошад: “То ҷое медонам ва дарк мекунам, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин режиме, ки бо интиқодҳои Созмони миллаи муттаҳид ба ислоҳоти густурда ва решаӣ даст зада бошад ва ё ба хотири бим ва ё эъмоли таҳримҳои СММ дигаргун шуда бошад, вуҷуд надорад. СММ дар низоми ҳоким бар ҷаҳон нақши аввалиндараҷа надорад, мутаассифона. Ҷаҳон тавассути абарқудратҳо идора мешавад. Режимҳои худкомаро низ онҳо ба вуҷуд меоранд, ҳимояту дастгирӣ мекунанд ва дар сурати лузум аз миён мебаранд”.
Ҳукуқшинос Шокирҷон Ҳакимов бошад, раванди тағйири Қонуни асосӣ дар қитъаи Африқоро ба интиқод гирифта мегӯяд, чунин раванд бешубҳа ба рушди диктатура дар кишварҳои африқоӣ мусоидат мекунад: “Онҳо барои қонеъ кардани манфиатҳояшон Қонуни асосиро беқадр кардаанд. Қонуни асоси ҳамчун санади ҳуқуқию сиёсӣ ва аҳмияти стротежидошта, чандин бор тағйир дода мешавад, он ба рушди диктатура мусоидат мекунад ва нигаронии Бан Ки Мун нисбат ба ин раванд асоси воқеӣ дорад”.
Қабл аз ин ки ин ҳарфҳо аз забони Бан Ки Мун дар минбари СММ садо диҳад, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико низ раванди хафакунии демократия дар бархе кишварҳоро ба боди интиқод гирифт ва гуфт, демократия ҳанӯз беҳтарин гузина барои ҷомеа ва давлатдорӣ боқӣ мемонад.
Ораш РУСТАМ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |