Изҳорот аз номи ҷавонони Рашт: САҲА терроризмро пуштибонӣ мекунад
Дар пайи роҳ ёфтани эътирозгарони тоҷик ба ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава аз номи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт унвонии “Озодагон” изҳороте расид, ки дар он САҲА пуштибони терроризму экстремизм арзёбӣ шудааст.
Дар ин изҳорот, ки имрӯз, 22 сентябр аз номи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ворид шудааст, гуфта мешавад, ки аз баҳси эътирозгарон бо намояндагони мақомоти тоҷик дар Варшава тариқи расонаҳо огоҳ шудаанд: “Мо донишҷӯёнро дар ин ҷаласа як чиз нигарон кардааст, ки ҳангоми баромади гуруҳи кории Тоҷикистон дар толори баргузории ҷаласаҳо гуруҳҳои зиддиҳукуматиро, ки барои кирдорҳои ҷинояткоронаи худ дар кофтуков қарор доранд, САҲА дидаю дониста, номнавис карда, ба ин ҷаласаҳо роҳ додааст”.
Ба қавли изҳоротдиҳандагон “Полша кишварест, ки аъзои Интерпол мебошад ва бояд ҷинояткорони дар кофтукоби Интерполбударо дастгир намояд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баръакс онҳоро пуштибонӣ намуда, дар ҳудуди худ роҳ додааст”.
Дар изҳорот таъкид шудааст, “як рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) боиси нигаронӣ аст, ки чаро ин рафторашонро нисбати ҷинояткороне, ки аз кишварҳои абарқудрат ба мисли Амрико, Олмон, Русия, Франсия ва дигарон раво намебинанд. Пурсида мешавад, ки чаро чунин рафтори ноҷавонмардонаро нисбати Тоҷикистон, ки дар марҳилаи тараққиёт қарор дошта ва ҳамаҷониба институтҳои демократиро ҷонибдорӣ менамояд, раво мебинанд”.
Дар идома изҳоротдиҳандагон таъкид кардаанд, ки САҲА дар гуфтор зидди терроризму экстремизм асту дар асл онҳоро тарафдорӣ мекунад: “Агар инхел набошад, пас чаро ҷинояткоронро дар ин ҷаласа роҳ додаанд? Аз ин рӯ, мо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ақидаи дигар донишҷӯёни кишвар ҳамфикр буда, рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо(САҲА)–ро маҳкум менамоем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |