Гулнора Каримоваро баъди марги падараш ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ андохтаанд?
Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, президенти фавтидаи Узбакистон эҳтимолан ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ интиқол ёфтааст. Дар ин бора гуруҳи “Здоровья Каримову”-и Фейсбук хабар додааст. Маъмури ин гуруҳ, ки баъди расонаӣ шудани хабари бемории Ислом Каримов созмон дода шуд, гуфтааст, ин хабарро аз як манбаи муътамад дарёфт кард, аммо тафсилоти бештарро ба ҷуз ин ки писари Гулнора – Ислом Каримови хурдӣ имкони иртибот бо модарашро надорад, намедонад.
Хабари ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ равон кардани Гулнора расман таъйид ё такзиб нашудааст, аммо бархе расонаҳо навиштаанд, гуруҳи “Здоровья Каримову” ҳанӯз қабл аз эълони расмии марги президенти Узбакистон аз вафти ӯ хабар дод, ки шаҳодат медиҳад, манобеи маъмурияти гуруҳ афроди огоҳанд.
Ислом Каримов, ки аз соли 1989 зимоми қудратро дар Узбакистон дар даст дошт, рӯзи 27 август бо хунравии мағзӣ ба бемористон интиқол ёфт. 2 сентябр телевизиони давлатии Узбакистон аз даргузашти Ислом Каримови 78-сола хабар дод. Ӯро 3 сентябр дар Самарқанд ба хок супориданд. Дар маросими дифоъ бо Каримов Гулнора ҳузур надошт. Гулнора Каримова, ки дар гузашта аз ворисони асосии тахти падар муаррифӣ мешуд, аз соли 2013 ба ин сӯ дар мазҳари омм зоҳир нашудааст. Расонаҳо чанд маротиба аз қавли ӯ навиштанд, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Вай дар ин кор модар ва хоҳараш Лоларо муттаҳам мекард.
Ба дунбол фаъолияти радио, телевизион ва дигар ширкатҳои марбут ба ӯ дар Узбакистон қатъ шуд ва афроди наздикаш боздошт шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |