Муродӣ: Ғарб Масъудро ба ҳайси раҳбари ояндаи Афғонистон пазируфта буд
Иршод Сулаймонӣ
Имрӯз, 9-уми сентябр аз террори мармуз ва даҳшатбори Аҳмадшоҳ Масъуд, устураи ҷанг ва намоди муборизаву ҷоннисорӣ дар қарни мо 15 сол мегузарад. Масъуд бо пайкори арзишманд ва тоҷиконаи худ қаҳрамони солҳо ва садаҳо барои наслҳои баъдӣ боқӣ мемонад ва бори дигар наҳваи куштори ӯ собит кард, ки ӯ чӣ қадар бузург боазамат буд. Масъуд як қаҳрамонӣ миллӣ, қаҳрамони сулҳ ва як муборизи роҳи адолат алайҳи ғосибон ва ҳукуматҳои қудратхоҳи вақт буд. Ҷанг ва муборизаҳои мусаллаҳонаи ӯ ба хотири таъмини ҳуқуқи одии инсонии ҳамиллатон ва амну сулҳи кишвараш буд. Мантиқи аслии ҷанги худро хеле дақиқ хулоса карда буд: «Ман ба хотири Ислом, ин дини инсонсоз, ба хотири сулҳ ва озодӣ, ба хотири раҳоиҳои инсон аз чанголи истеъмор ба ҳар шакле, ки бошад ҷангидаам ва меҷангам» . Ӯ як муборизи роҳи озодӣ ва ғурури миллӣ буд, ки бо ин амалаш собит кард, ки тоҷикон ҳамеша дар гузори таърих ба ҳеч навъе аз таарруз ва таҷовуз сар пойин накардаанд ва агар ҳам карда бошанд, барои муваққат будааст. Мисле, ки худ қоил шуда буд: «Мо барои озодӣ меразмем. Барои назистан дар зери чатри бардагӣ меразмем, ки пасттарин навъи зиндагист. Барои ҳаёти моддӣ ҳама чиз метавон дошт: об, нон, маскан. Вале агар озодии мо барбод рафт, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шуд ва агар истиқлоли мо нобуд гашт, дар он сурат зиндагӣ барои мо кӯчактарин лаззат ва арзише нахоҳад дошт».
Суҳбати имрӯзи “Озодагон” бо дуктур Соҳибназар Муродӣ яке аз ҳамсангарону ҳамкорони Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки феълан коршиноси Намояндаи фавқулодаи раисҷумҳури Афғонистон дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хуб мебошад.
Озодагон: Шумо дар замоне, ки Омир соҳиб терор шуд, чӣ маъмурияте доштед?
Соҳибназар Муродӣ: Он замон дар Душанбе будам. Аз тарафи Устод Раббонӣ ва Омир соҳиб дар Душанбе як дафтар боз шуда буд, ки ба таҳияи хабару гузоришот аз вазъи Афғонистон машғул буд. Ман дар ҳамон дафтар кор мекардам. Яъне мешавад гуфт, ки корҳои рӯзноманигорӣ мекардам.
Озодагон: Яъне дар замони террор дар Хоҷа Баҳовадин набудед?
Соҳибназар Муродӣ: На, дар Хоҷа Баҳоваддин будам. Як рӯз пеш аз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд ба онҷо омада будам ва бо Аҳмадшоҳ Масъуд дидору суҳбатҳои фаровону тӯлоние доштем. Аҳмадшоҳ Масъуд он замон равонаи сангарҳои муқовамат буд. Вале он ду араб бисёр узру зорӣ карданд, ки онҳоро бипазирад. Шахсе бо номи Осими Суҳайл, аз ҳамкорони Аҳмадшоҳ Масъуд, тарафдорӣ кард, ки бояд рӯзноманигорони араб посухҳои худро бигиранду ба кишварашон баргарданд. Ин буд, ки Аҳмадшоҳ Масъуд тасмим гирифт, ки лаҳазоте хосе бо онҳо бошад ва саранҷом он ду палид Масъудро аз байн бурданд.
Озодагон: Қабл аз суҳбат он ду рӯзноманигор таҷассусу бозпурсиву кофтукоб нашуда буданд?
Соҳибназар Муродӣ: Ин ду рӯзноманигор шаш моҳ пеш, аз Тунис ба Аҳмадшоҳ Масъуд телефон карда буданд. Ва гуфта буданд, ки аз Шумо дар дунёи Араб тасвири нохушоянде кашида шуда ва шуморо бо номи муртаду номусалмон мешиносанд. Барои ин ки ин номҳо аз шумо рафъ шавад ба хабарнигорони араб иҷоза бидиҳед, ки биоянд ва бо Шумо мусоҳиба кунанд. Аҳмадшоҳ Масъуд гуфта буд, ки ман дар раъси давлат нестам, ман дар як ҷабҳаи муқовимат қарор дорам ва ҳар дӯсте, ки мехоҳад хабари моро бигирад, хуш биояд, мо дар хидматаш ҳастем. Инҳо шаш моҳ баъд аз тариқи Покистон омаданд дар Ҷалолобод, муддате дар Тура Бура зиндагӣ карданд ва баъдаш ҳам ба Кобул назди “Толибон” омаданд. Тавассути номаҳо ба устод Саёф муаррифӣ шуданд, ки устод Саёф дар он замон дар фобрикаи нассоҷии Гулбаҳор зиндагӣ мекард ва ба онҷо рафтанд. Аз он ҷо ба Панҷшер рафтанд, ки дар Панҷшер бо Масъуд як дидори саридастакӣ доштанд. Дар парвозе, ки Масъуд ба Хоҷа Баҳоваддин мекард бисёр исрор карданд, ки бо ӯ ба Хоҷа Баҳоваддин бираванд. Масъуд қабул накард ва гуфта буд, ки дар парвози баъдӣ биойед, ман дар Хоҷа Баҳоваддин ҳастам. Инҳо омаданд ва муддати 21 рӯз меҳмони Аҳмадшоҳ Маъуд буданд. Омир соҳиб дастур дода буд, ки аз онҳо пазироии хубе сурат бигирад, то онҳо хотироти хубе дошта бошанд. Имкон дорад, худи Масъуд ҳам дарк карда буд, ки инҳо маъмурияти дигаре ҳам доранд ва бо имрӯзу фардо суҳбатро ба таълиқ андохт. Вале фурсате баробар шуд, ки онҳо Масъудро террор ва нобуд карданд.
Озодагон: Баъди инфиҷор бо Омир соҳиб чӣ рух дод ва саранҷом шаҳодати Масъуд кай иттифоқ уфтод? Баъзеҳо мегӯянд дар Тоҷикистон ҷон супурданд. Кадомеш дуруст аст?
Соҳибназар Муродӣ: Вақте террор шуд, зинда буд. Ин замон як чархбол аз Панҷшер ба Фархор мерафт, ки пойинаш оварданд ва хостанд Масъудро ба шифохонаи Фархор бибаранд. Масъуд дар дохили Чархбол дар роҳ ба сӯйи Фархор шаҳид шуд. Ҷасадро ба Тоҷикистон бурданд ва чанд рузе дар сардхона нигоҳ дошта шуд. Баъдаш ҳодисаи 11 сентябри Амрико иттифоқ уфтод ва ҳамон замон ҳамкоронаш хостанд, ки шаҳодаташро ба дунё эълон бикунанд.
Озодагон: Аз назари Шумо пушти террори Масъуд чӣ касоне ва кадом давлатҳо истода буданд?
Соҳибназар Муродӣ: Ин масъалаи бисёр мармуз аст ва таҳқиқ нашудааст. Бо вуҷуде, ки дар Идораи муваққат бо раҳбарии Карзай кумиссиюне таъсис шуд, ки вазифааш ин буд, то ҷустуҷӯй бикунад, ки кадом кишварҳо ва кадом ҳалақоти берун ин террорро ба роҳ андохтаанд. Мутаассифона ба сурати сареъ ва рӯшан маълум нашуд. Аммо кишварҳое, ки давлати “Толибон”-ро ба расмият шинохтанд сари ин тавтеа даст доштанд. “Толибон” буд, “Ал-Қоида” буд, кишвари Иморот, кишвари Саудӣ ва ҳамаи инҳо хабар доштанд, ки чунин коре бояд сурат бигирад. Ва ин масъала ба хотири ин сурат гирифт, ки Масъуд сафаре ба Иттиҳодияи Урупо карда буд. Дар он ҷо суҳбатҳое бо аврупоиён дошт. Ташвишеро, ки онҳо доштан ин буд, ки оё Аҳмадшоҳ Масъуд як бунёдгаро (фундаменталист) аст ё як мусалмони озодандеш ва муътадил. Ҳамин гуруҳҳо буданд дар паси террури Масъуд, вале ба сурати рӯшан ҳеч маълум нашуд. Ҳарчанд пулиси Интерпул вазифа гирифта буд, ки ин масъаларо ба зудӣ рӯшан кунад, вале бо гузашти 15 сол Интерпул ҳам коре накард.
Озодагон: Ҷаноби Муродӣ, Шумо чӣ фикр мекунед, ки чаро бояд Масъуд дар ҳамон мақтаи замонӣ кушта мешуд?
Соҳибназар Муродӣ: Ин ба хотире буд, ки дунёи Ғарб, амрикоиҳо, аврупоиҳо ва ҳамагӣ ташвиш доштанд, ки Аҳмадшоҳ як бунёдгаро аст. Ва ҳамчунин бо ин дидгоҳ, ки Афғонистон як шахси масъул дошта бошад, ки бо ӯ суҳбат кунад ва мушкилоти Афғонистону амнияти минтақаро дар тамос бо раҳбари Афғонистон ҳал бикунанд, ба ин хотир аз Масъуд як даъвати озмоишӣ карда буданд, ки биояд дар Иттиҳодияи Аврупо суҳбат бикунад, то бибинем чӣ ақидаро дорад ва чи тур як инсоне аст. Ин як мусалмони муътадил аст ё воқеан як мусалмони экстремисту террорист. Чун суҳбат карданд, диданд, ки Масуъд як мусалмонест, ки бо экстремизму терроризм носозгор аст. Ба ин хотир ӯро ба ҳайси раҳбари ояндаи Афғонистон қабул карда буданд. Аз он ҷо омад ба Душанбе ва як нишасти матбуотии пурҷамъиятеро баргузор кард ва дар ҳамин ҷо ҳам ҳамагӣ дарёфтанд, ки Аҳмадшоҳ Масъуд як шахсияти донишманд ва сиёсатмадори хубе аст. Ва ба хотири ин ки оянда ба нафъи Масъуд инкишоф накунад, тасмим гирифтанд, ки ҳар чи зудтар ӯро аз байн бибаранд. Мутаассифона ин ҳаракати 8-ум ё 9-уми терруристӣ ба ҷони Масъуд буд, ки ӯро ғофилгир кард ва шӯрбахтона корагар афтод.
Озодагон: Аз диди Шумо байни ҳодисаи 11-сентябри Амрико ва террори Масъуд ва ҳамин тур суроғи Усома бин Лодин дар Афғонистон занҷирае мавҷуд аст?
Соҳибназар Муродӣ: Яқинан, занҷираи бисёр калоне дар ин минтақа мероси хабиси Усома бин Лодин аст.
Озодагон: Манзурам ин аст, ки ҳам террори Масъуд ва ҳам ҳодисаи 11 сентябри ИМА дар як фосилаи бисёр кутоҳ иттифоқ уфтоданд. Пайванди мантиқии ин ду ҳодиса чӣ буд?
Соҳибназар Муродӣ: Яқинан, ҳодисаи 11 сентябр дар торихе, ки иттифоқ уфтод плонгузорӣ нашуда буд. Вале инҳо муддати 6-7 моҳ ба дунболи Аҳмадшоҳ Масъуд гаштанд ва натаввонистанд, ки ӯро террор бикунанд. Мумкин дар як фурсати дигаре ҳодисаи 11 сентябр иттифоқ меуфтод, вале иртиботи занҷираии ин бо террори Масъуд ҷараён дорад ва мешавад гуфт, ки то андозае ҳалақоти як занҷиранд.
Озодагон: То кунун давлати Афғонистон дар мавриди омилин марги Масъуд маълумоти қобили мулоҳизае ироа накардааст. Вале ба Шумо ва дар маҷмуъ ба доираи ҳамандешону ҳамкорону ҳамсангарони Масъуд маълумоте дастрас шудааст?
Соҳибназар Муродӣ: На хайр. Қаблан ҳам хидмати Шумо арз кардам. Касоне, ки дар Афғонистон бо номи раҳбар ба миён омаданд ва раҳбарии Афғонистонро аз тарафи дунёи Ғарб ба дӯш доштанд, дар ниҳоят алоқамандии бисёре надоштанд, ки ин ҳодисаро бишкофанд ва рӯшан бисозанд. Онҳо дар пушти ин буданд, ки мушкили табориеро, ки дар Афғонистон вуҷуд дорад ва “Толибон” дар як тарафи он қарор дорад ва ҳукумати Карзай дар тарафи дигараш аз куштору ҷангҳо ҷилавгирӣ бикунанд. Натавонистанд ё нахостанд, ки ин масъаларо дунбол бикунанд ва як натиҷаи дурусту воқеие аз он ба миён биоранд. Ба назари ман ин як танбалӣ ва ғафлате буд, ки раҳбарони Афғонистон дар он вақт ва то имрӯз дунбол кардаанд.
Озодагон: Бо гузашти ин солҳо мо шоҳиди нуқтаназарҳое ҳам ҳастем, ки аз Масъуд як чеҳраи устураӣ тарошида мешавад ва тавсифу тамҷиди бисёр болобаланде аз ӯ карда мешавад. Шумо ба унвони касе, ки бо Омир Соҳиб бисёр қаробат доштед, чеҳраи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ӯро чӣ гуна тасвир мекунед?
Соҳибназар Муродӣ: Аҳмадшоҳ Масъуд мисли соири қумандонҳо як қумандони худ ба худӣ ва тасодуфӣ набуд. Ӯ Донишгоҳи муҳандисӣ хонда буд. Як фарди китобхон буд. Бештар бо симоҳои инқилобии ҳамон вақт, ки дар ҷараёни ҷанги сард ва дар ҷараёни тасаллуту нуфузҳои истеъморӣ дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин қад барафрохта буданд ва инқилоботи бузурги замони худро раҳбарӣ карданд, бо ҳамаи инҳо шиносоӣ дошт. Китобҳои инҳоро мехонд. Бо Че Гувуро бисёр алоқамандӣ дошт. Бо шахсиятҳои дунёи Араб мисли Ёсир Арафот, Фавод Аҳоким, Ҷурҷ Ҳабаш ва Ҷамол Абдулносир ва касони дигаре, масалан Аҳмад бин Бало ва Ҳавори Бумедиян дар Алҷазоир бо инҳо бисёр ошноӣ дошт ва осорашонро хонда буд. Ба ҷуз ин китобҳои дар бораи Афғонистонро мутолиа мекард. Ӯ як одами тасодуфӣ набуд. Ҳамин буд, ки фикри бисёр рӯшане дошт, ки Усома бин Лодин ва “Ал-Қоида” дар фардои манотиқи мо харобиҳоеро меоранд. Ба ин хотир ӯ ба сурати бисёр огоҳона ва рӯшан бо инҳо бархӯрд мекард. Аз тарафи дигар ӯ як шахсияти рушанфикр буд, вагарна ба ҳайси як шахсияти муҷоҳиди мусалмони ғайриогоҳ агар ӯро тасаввур бикунем, ҳеч вақт ҳозир намешуд, ки ҳамчун мусалмон бо Толибон биҷангад ё бо ҳизби исломӣ бо раҳбарии Гулбиддини Ҳикматёр. Ӯ ин таҳлилҳоро дошт, арзёбиҳоро аз созмонҳое, ки дар минтақа қад кашида буданд, дошт. Ва ҳамон рӯзе, ки дар Хоҷа Баҳоваддин ҳамроҳаш суҳбат карда будем, дар робита ба ҳаводисе, ки дар Русия иттифоқ афтода буд, дар робита ба ҳаводиси Тоҷикистон бисёр саволҳое мекард ва посухҳои мантиқии худашро ҳам дошт. Ӯ як шахсияти сиёсинизомӣ буд ва мутолеоти фаровоне дар робита бо авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон дошт.
Озодагон: Гуфтан метавонед, ки Масъуд чӣ гуна Афғонистонро мехост? Ё Афғонистонеро, ки Масъуд сохтан мехост, метавонед барои мо тавзеҳ бидиҳед?
Соҳибназар Муродӣ: Масъуд мефаҳмид, ки перомуни Афғонистон тавтеаҳо ва дасисаҳои фаровоне вуҷуд дорад ва эҳтимол дорад Афғонистонро ба як таҷзияе бикашонанд. Ё дар миёни мардуми Афғонистон, ақвоми ин кишвар як нифоқи бисёр калоне ба вуҷуд биояд. Ӯ ба хотири доштани як кишвари воҳид, кишвари озод ва кишваре, ки бо рифоҳият бошад, талош мекард. Ӯ, мегуфт, ки бояд мо, муҷоҳиддин харобиҳои ҷангро, ки тавассути худи мо ба вуҷуд омада, ба дасти худ эҳёву худсозӣ бикунем. Ӯ як кишвари воҳиду якпорчаеро дар симои Афғонистони имрӯзӣ тасаввур мекард ва муборизаву талоши бисёре кард. Мутаассифона ҳаводис ба гунае шуд, ки ӯ ба ормонҳои худ нарасид.
Озодагон: Дар навиштаҳо пиромуни Масъуд ва дар хотироти дӯстонаш мо хондаем, ки ӯ алоқамандии хосе ба адабиёт дошт. Дар ин маврид чӣ тозаҳоеро метавонед биафзойед?
Соҳибназар Муродӣ: Масъуд ба фарҳанги форсӣ зиёд алоқаманд буд. Қисса мекунанд, ки ҷанг буд ва хостанд, ки ба саҳнаи ҷанг биравад, вале Масъуд масруфи хондани китоби Ҳофиз буд. Вақте гуфтанд, ки ба ҷанг биравем, гуфта буд, ки ҷони бародар, ҷанг ба хотири наҷоти ҳамин адабиёт аст.
Ҳамеша девони Ҳофизро мехонд, “Бустон”-у “Гулистон”-и Саъдиро мутолиа мекард, “Шоҳнома”-ро хонда буд, достонҳое аз “Маснави маънавӣ”-и Мавлоноро ёд дошт. Ӯ танҳо як қумандони низомӣ набуд, бисёр чизҳоеро худаш навишта карда ба номи хотироти рӯзмарааш, ки мутаассифона чунин иттифоқе науфтод, ки касе ба фикри интишори онҳо шуда бошад. Хотироташ пеши бародаронаш ҳаст.
Масъуд бисёр одами шеърдӯст буд. Бо шоирон бисёр сару кор дошт. Шоирони хубро дар ҳамаҷо мешинохт, ки дар Афғонистон кӣ шоири хуб аст, дар Тоҷикистону Эрон чӣ касе шоири хуб аст. Метавонам бигӯям, ки бо баландовозагону номдорони ҳавзаи форсӣ ошноӣ дошт.
Озодагон: Масъуд бо ҳамаи гирифториҳое, ки дошт чӣ тур ба корҳояш расидагӣ мекард? Бо хонаводааш чӣ қадар мебуд, бо муҷоҳиддин чӣ қадар мебуд ва вақти истироҳату хоби худро чӣ гуна танзим мекард?
Соҳибназар Муродӣ: Як рӯзе аз рӯзҳо Масъуд маро бо худ аз Тоҷикистон овард. Рафтем ба Фархори Афғонистон. Он ҷо мардуми зиёде мунтазир буд, ки Омир соҳиб чӣ вақте аз Тоҷикистон бармегардад. Бо ҳамагӣ дидор кард. Баъд теъдодеро гирифт ва бо онҳо ҷаласае мекард. Ба ман ва Ҳусайни Ҷаъфариён аз шоирони Эронро вазоифе дод, ки барояш анҷом бидиҳем. Ман дар он ҷо аз наздик 24 соат бо Масъуд будам. Дар 24 соат ин одам бо телефону саталойт сару кор дошт, аз ҷабаҳоти муқовимат маълумот мегирифт, аз ҳаводиси кишвар хабар мегирифт. Худро дар ҷараёни ҳама ҳаводиси кишвар, ҳатто ҳаводиси ғайрисиёсиву ғайринизомӣ қарор медод. Ман дидам, ки Масъуд то соатҳои 2 ва 3-и шаб ҳам намехобид. Ӯ аз тарафи шаб фурсати хубтар меёфт, ки бо қумандонҳо суҳбат бикунад ва суҳбатҳои телефонӣ, аксаран мекард. Ҳамчун бо хориҷ аз кишвар, ҳатто бо Аврупою Амрико бо дӯстонаш тамос дошт. Ӯ бисёр намехобид. Вақте намози бомдодро мехонд то соатҳои 8 ё 9 як чашм хоб мерафт ва баъд аз ӯ ба дунболи кораш мешуд.
Озодагон: Аз миён бардоштани Масъуд ба пешрафти Афғонистон чӣ таъсири манфие гузошт ва чӣ тасаввур мекунед, ки Афғонистони бо Масъуд чӣ гуна мебуд?
Соҳибназар Муродӣ: Ман яқин дорам, бовар дорам, ки касоне дар давру бари Масъуд буданд, як теъдоди зиёде аз одамҳо ва шахсиятҳо буданд. Инҳо дар ҷиҳод ба Масъуд бисёр итоат мекарданд. Худи Масъуд бисёр шахси заранге буд. Бо ҳама касон метавонист забони муштаракро пайдо бикунад. Ӯ ҳамон рақаме, ки барои мардуми худ истодагарӣ мекард, барои сулҳ ҳам метавонист ҳамин тур истодагарӣ кунад. Ӯ ҳамеша аз сулҳи Афғонистон суҳбат мекард. Як рӯзе хонум Рифо Рифоил ҳамсари Одолф Добс сафири собиқи Амрико, ки дар Кобул ба қатл расид, ба Афғонистон омад ва бо Масъуд суҳбатҳое кард. Ӯ ба Масъуд гуфт, ки Шумо то чӣ вақт меҷангед ва билохира ҷанг дар Афғонистон ҳеч тамом намешавад? Масъуд гуфт. Ин ҷангро шумо роҳандозӣ мекунед ва ман то замоне, ки дар Афғонистон ба андозаи пакулам (кулоҳи сарам) ҷой бимонад истод мешавам ва меҷангам, то дунё бо мазлумияти мардуми Афғонистон пай бибарад.
Озодагон: Шумо, ки аз муқаррабини Масъуд будед ва ҳатман дар ҷараён ҳастед, ки бархӯрди ӯ бо муҷоҳидину мухолифин ва гурезаҳои Тоҷикистон чӣ гуна буд. Баъзе аз чеҳраҳои аршади мухолифини Тоҷикистон дар баробари хадамоти арзишманде, ки Масъуд ва устод Раббонӣ барои онҳо анҷом додаанд, бар ин назаранд, ки Масъуд онҳоро маҷбур кардааст, ки ба сулҳ кардан розӣ шаванд. Агар ин нукта дуруст бошад, чаро ва чӣ чизҳое буд, ки Масъуд онҳоро барои сулҳ кардан маҷбур кард?
Соҳибназар Муродӣ: Аввал ин ки Масъуд нисбат ба Тоҷикистон беалоқа набуд. Ва мехост, ки ҷанге, ки дар Афғонистон бисёр беҳуда иттифоқ афтода ва ҳама ҳасту буди мардуми моро ба тороҷ бурда, дар Тоҷикистон сурат нагирад. Аз лиҳози вобастагиҳои сабабие, ки дар Тоҷикистон дошт, намехост, ки ҷанг ба ин рақам тӯлонӣ шавад. Ӯ ба ҳамкорони худ вазифа дода буд, ки бо раҳбарии Тоҷикистон дар тамос шаванд, то ин ки мо бо ҳар ду ҷониб биншинем, ки ин ҷанг онҷо иттифоқ науфтад. Ин буд, ки ибтидо бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ суҳбат кард. Нурӣ гуфт, ки ман ҳозир астам ва барои сулҳ омодагӣ нишон медиҳам, вале давлати Тоҷикистон сулҳ намекунад. Намояндаҳои худ, доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Юнуси Қонуниро ба Тоҷикистон фиристод ва онҳо бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбатҳое карданд ва эшон ҳам ризоят нишон доданд, ки бале, беҳтар аст сулҳ бикунем ва ҷанг маслиҳати имрӯзу фардои таърихи мо нест. Ман фикр мекунам агар ҳамсояе мисли Покистон дар баробари Тоҷикистон вуҷуд медошт, мушкили Тоҷикистон бисёр бузург мешуд. Аммо чун Масъуд ва устод Раббонӣ тарафдори идомаи ҷанг дар Тоҷикистон набуданд дар ин ҷо қумандонҳои тоҷикро ҳатто ҷавоб доданд, ки ба Тоҷикистон бираванд. Ризвон буд як қумандон ва касони дигаре ҳам буданд, ки худи Масъуд инҳоро равон кард ба Тоҷикистон. Билохира мо метавонем бигӯем, ки яке аз ҳомиёни бисёр бузурги сулҳ дар Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Масъуд ва устод Бурҳониддин Раббонӣ буданд.
Озодагон: Ҳамин чанд рӯз пеш як коршиноси рус як ёддоште дар мавриди Масъуди бузург дошт ва навишта буд, ки ӯ на танҳо як чеҳраи маҳбуб миёни тоҷикон, балки аз эътибори калоне миёни дигар ақвоми Афғонистон бархӯрдор буд. Мешавад дар бораи эътибороти Масъуд дар миёни ақвоми дигари кишваратон бигӯйед?
Соҳибназар Муродӣ: Дар ин шакке нест, ки Масъуд аз устухону гушту хуну пусту этники тоҷик ба вуҷуд омада буд. Аммо сирф ба хотири тоҷикон вориди мубориза нашуд ва дар муқовимат тоҷикон ба танҳоӣ наметавонистанд, ки муваффақ шаванд. Ва Масъуд ҳам дар Афғонистони касирулақвом (сермиллат) зода ва бузург шуда буд, ба хотири ин ки эътимоде дошта бошад ва ҳамагӣ бовар кунанд, ки қумандони ҷамъии мост, дар ҷабҳаи муоқовимат барои дифоъ аз озодии Афғонистон устод Сайёфи паштунро дошт ва Қадири Ҷалолободиро дошт, Ҳазраталии Нуристониро дошт, ҷенерол Дустуми узбакро дошт, Муҳаққиқу Халилии ҳазораро дошт. Инҳо то охирин марҳаларо бо ӯ буданд ва Аҳмадшоҳ Масъуд ҳеч вақт барои тасаллути тоҷикон дар Афғонистон шиоре надода буд. Агар ҳам шиоре дода буд ба номи Ағонистон дода. Аммо буданд касони лачбозу одамҳои яксӯнигар, ки мегуфтанд Масъуд қумандони тоҷик аст ва ба нафъи ақвоми дигар тасмим намегирад. Ба ҳамин хотир Ҳикматёр мегуфт, ки ман ҳаққи раҳбариро дар Афғонистон дораму ту надорӣ. Аммо Масъуд мегуфт, ки ман муҷоҳид астам ва давлати ояндаеро, ки дар пайи ҷиҳод дар Афғонистон ба вуҷуд меояд раҳбарӣ бикунам ва мушкили имрӯзи Афғонистонро бояд аз диди ҳолатписандона ҳал карда бошем. Ин гап комилан дуруғ аст, ки Масъуд танҳо ҷабҳаи Шимол ва ё тоҷикҳоро раҳбарӣ мекард. Ӯ як тоҷик буд, вале як тоҷики ваҳдатхоҳ, як тоҷике, ки Афғонистони ободу муттаҳидро мехост.
Озодагон: Дар ҳамин замина дидгоҳҳои ӯ дар бораи роҳҳои эҷоди ваҳдат ва ҳамдилӣ миёни ақвоми гуногуни афғонистонӣ, ба унвони намуна миёни тоҷикҳо ва паштунҳо чӣ буд?
Соҳибназар Муродӣ: Роҳкорҳояш ҳамин, ки дар давру бари ӯ буданд раҳбароне аз паштунҳо ва дигар ақвом, ки мегуфтанд, ки мо танҳо ба хотири хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ҷиҳод накардем, балки мо ҷиҳоди созандагӣ, ҷиҳоди иттифоқ низ кардем. Барномаҳоеро, ки Масъуд барои рушд, шукуфоии иқтисод ва иҷтимои кишвар дошт мавриди пазириши соири ақвом буд. Вале дар шароити имрӯзи мо масоили ақвом, мутаассифона бисёр барҷаста аст. Фикри қавмӣ дар Афғонистон бисёр доман зада мешавад. Худи Ашраф Ғанӣ паштун аст, дар раҳбарии давлат, аз сӯйи дигар муллоумарҳо ва муллоҳои толиб ҳам дар Покистон паштун ҳастанд. Вале сарбози инҳо, ки бояд биҷангад тоҷик аст ё узбак аст ё як қавми дигар. Мумкин аст, ки ин як будъи зарбатӣ буда бошад, ки бо истифода аз ин ки тоҷикҳо як миқдор равони иҷтимоии қавӣ доранд, равони ҳаммосии қавӣ доранд, ки метавонанд дар ояндаи Афғонистон нақши калоне дошта бошанд ва Афғонистон ватани инҳост, зодгоҳи фарҳанги инҳост ва инҳо бояд ба қиммати ҷону хуни худ аз ин фарҳанг дифоъ бикунанд. Вале моро ба ҷурми фарҳангпарвариамон фарҳангситезон дар сафи муқобили худ қарор медиҳанд. Ба ҳар тартиб баъзе аз ақвоми Афғогнистон аз берун раҳбарӣ мешаванд ва барояшон огоҳиву кумак дода мешавад, ки инҳо дар як набарди қавмӣ бар бихезанд, ки ин ба суди Афғонистон нест.
Озодагон: Ин тур ақидаҳо ҳам ҳаст, ки Масъуд бо Русия ҳамкорӣ дошт. Манзур ҳамкориҳои ҳарбӣ, яъне аз Русия ёриҳои низомӣ дарёфт мекард. Ин як ҳамкории истротежик буд ё Масъуд вобастагиҳое ҳам ба Русия дошт?
Соҳибназар Муродӣ: Масъуд то замоне, ки русҳо дар Афғонистон ба ҳайси ишғолгар буданд алайҳашон душман буд ва меҷангид. Замоне русҳо аз Афғонистон рафтанд ва “Толибон” ба вуҷуд омаданд, “Толибон” намояндаи кишварҳои ғарбӣ буданд. Русҳо, ки ҳам мегуфтанд Масъуд як душман аст, вале як душмани мард, айёр ва боинсоф. Одамро аз пушт шикор намекунад ва дар пешорӯйи инсон меояду меҷангад. Тамоми ҷенеролҳо ва низомиёни рус Масъудро ба ҳамин сифат мешинохтанд.
Замоне “Толибон” омаданд ва бар 90 дарсади Афғонистон ҳузур пайдо карданд, ин барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари муттаҳиди русҳо хатарнок буд. Ба ҳамин хотир русҳо бо Аҳмадшоҳ Масъуд ёрӣ карданд. Дар ҳамон шабу рӯзҳо 100 тонк аз Тоҷикистон ба Фархор омад ва ҳама огоҳ шуданд, ки ин тонкҳо аз Масъуд аст. Ва як намоиши бузурги низомие буд, ки русҳо бо Масъуд ба намоиш гузоштанд. Вале Масъуд чунин фикр мекард, ки дӯст ва душман дар сиёсат вуҷуд надорад. Ҳар кас тобеи манофеи миллии худ аст. Агар дӯстии мо бо русҳо бар ин бошад, ки манофеии миллии моро эҳтиром ва риоят бикунанд, мо метавонем ҳамкории мутақобил дошта бошем.
Озодагон: Чаро бо рафтани Масъуд аз наздикон ва ҳамандешону ҳамсангаронаш касе пайдо нашуд, ки мисли ӯ битавонад аз иттиҳод ҳифозат кунад ва ҳаракати муқовиматро ба гунае, ки худи ӯ раҳбарӣ мекард мудирият бикунад?
Соҳибназар Муродӣ: Шахсиятҳои бузург истисноан ба вуҷуд меоянд. Ҳама инсонҳое, ки худро инсон меноманд, наметавонанд қаҳрамон шаванд, наметавонанд шахсияти бузурги мардумпазир бошанд. Мардуми Афғонистон имрӯз аз дӯстони Масъуд гилагузорӣ доранд, ки ҳеч кадоме аз инҳо роҳи Масъудро идома надоданд. Имрӯз сарнавишти мардуми Афғонистон, хусусан сарнавишти тоҷикон дар як махмасаи торик қарор дорад. Касоне, ки ҳастанд вазир мешаванд ба вазорат қаноат мекунанд, раис мешаванд ба девондорӣ қонеъ мешаванд ва бо ҳамин худро мефиребанд, ки мо шахсияти калону бузург шудем. Мардум ташхис дод, ки баъди шаҳодати Масъуд инҳо ба суди манофеи тоҷикон, ба суди мардуми Афғонистон, озодии мо, фарҳанги мо намеандешанд.
Озодагон: Агар имрӯз ба ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон назар бикунем, қисме аз ин ҳукумат аз шумули касоне аст, ки дар собиқ ҳамсангари Масъуд буданд. Барои мисол худи Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар раъси ҳукумати иҷроия. Вале дар ин авохир мо шоҳиди гилагузориҳои доктар Абдуллоҳ мешавем ва раёсати ҷумҳурӣ ва шахси Ғаниро барои нопойбандӣ ба тааҳудот гунаҳкор мекунад. Назари шумо чист ва дар ин иттифоқот киро муқассир медонед?
Соҳибназар Муродӣ: Мушкил ин аст, ки касоне, ки ҳукумати Ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд, аслан ба ваҳдати миллӣ бовар надоранд. Аслан ба нафъи ҳифзи қудрат барои қавму қабилаи худ бештар меандешанд. Асосан сиёсати барандохтани шахсиятҳо, сиёсати барандохтани ақвом ва ин тур гапҳо дар мелоки таваҷҷуҳи инҳо вуҷуд дорад. Абдуллоҳ ва Ғанӣ барномае доштанд, ки ду сол баъд дар Афғонистон як Ҷиргаи калони миллиро баргузор бикунанд ва дар асоси он бишавад, ки дар Қонуни Асосӣ таҳаввулоту тағйироте ба вуҷуд биояд. Ва ҳукумат аз ҳолати раёсатӣ ба ҳолати порлумонӣ дар биояд. Ҳамин тур нақшаҳое буд, вале имрӯз ду сол аз ин ҳукумат мегузарад ва ҳеч кадоме аз инҳо татбиқ нашуд. Эътирози Абдуллоҳ ҳам ҳамин аст, ки чаро ин ҳарфҳо табиқ намешавад. Масъала ин аст, ки худи Ашраф Ғанӣ ва касоне, ки дар раъси давлат ҳастанд, инҳо одамони миллӣ нестанд ва инҳо солҳои дароз аз Афғонистон фирорӣ буданд ва дар ИМА ба сар мебурданд. Имрӯз эҳсоси инҳо нисбат ба сулҳ дар Афғонистон бегона шуда ва мардуми Афғонистон инҳоро муҳтарам намешуморад. Бо чунин давлате роҳ рафтан бисёр мушкил аст. Давлате, ки бо фиребу маккорагӣ пеш меравад, бо чунин давлат дари сулҳу оштиву рифоҳият барои мардум кушодан кори номумкин мебошад.
Озодагон: Афғонистон кишваре ҳаст, ки нақши шахсиятҳо дар мудирият ва воқеиятҳои он хеле меҳварӣ ва дар адабиёти сиёсӣ ҳам гуфта мешавад, ки як кишвари шахсиятсолорӣ аст. Аз назари Шумо барои мудирияти ояндаи Афғонистон кадом удгуе мувофиқ аст, ки дар кишвари Шумо боз ҳам шахсиятсозӣ шавад ё ниҳодсозӣ шавад?
Соҳибназар Муродӣ: Дар Афғонистон бояд ниҳодсозӣ шавад. Ақвоми Афғонистон бояд аз ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор шаванд. Демукросӣ ва адолати иҷтимоӣ бояд дар инҷо ниҳодина шавад. Вале мебинем, ки мутаассифона раҳбарони ақвом ҳар кадомашон ба танҳоӣ қавми худро ба асорату гаравгон гирифтаанд. Барои намуна оқои Халилӣ ва Муҳаққиқ дар фурсатҳое мехоҳанд ба нафъи ҳазораҳо кор бикунанд, вале вақте ба мақсади худ расиданд ҳазораҳо фаромушашон мешавад. Ҳамин тур узбакҳо Дустумро ба ҳайси як чеҳраи самбулики раҳбарии худ медонанд, вале вақте ҳам Дустум ба муваффақияте даст меёбад, миллати узбакро фаромуш мекунад. Ин аст, ки шахсиятсолорӣ ба дарди Афғонистон намехурад ва бояд, ки ниҳодсозии адолати иҷтимоӣ шавад ва нигариши масъулона дошта бошад.
Озодагон: Ташаккури зиёд. Мо умедворем ва аз Худо талаб дорем, ки як рӯзе битавонем Афғонистони босубот, бонизом, обод, пешрафта ва дорои сулҳи ниҳодинашударо бибинем.
Соҳибназар Муродӣ: Ташаккур аз суҳбатҳои бародарона ва дилсӯзонаатон. Ман бо Тоҷикистон бисёр алоқаи фаровон дорам. Тоҷикистон, аслан кишвари дувумӣ не, аввалии ман аст. Ман, аз падару модар ҳам зотан аз Тоҷикистон ҳастем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |