Қазияи Сурия дар гуфтугӯи телефонии Путин ва Эрдуғон
Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳурони Русияву туркия дар як суҳбати телефонӣ авзои Сурияро баррасӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти Кремл мегӯяд, дар ин гуфтугӯ, ки бо ибтикори ҷониби Туркия сурат гирифт, Путину Эрдуғон ба зарурати ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо терроризм таъкид доштанд.
Хабаргузориҳои ҷаҳонӣ ҳамчунин аз тавофуқи Русияву Туркия дар мавриди интиқоли кумаки башардӯстона ба шаҳри Алеппо иттилоъ додаанд.
Ин гуфтугӯи телефонӣ дар ҳолест, ки 24 август неруҳои Туркия вориди шимоли Сурия шуда, мавқеи гуруҳи мусаллаҳи курдҳоро дар наздикии шаҳри Ҷароблус тирборон карданд. Ҳадафи ин амалиётро Туркия, дур рондани тамоми ҷангиёни гуруҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" аз минтақаҳои наздимарзӣ хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |