Бахшҳо
26 июл 2016 10:27Тоҷикистон / Сиёсат

Дасткашии Тошканд аз роҳи оҳани Тоҷикистон ва раҳоии Хатлон аз муҳосираи Узбакистон

Усмон Қаландаров, ноиби раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, гуфтушунидҳо бо Тошканд барои иҷозати ҳаракат тариқи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг-Хатлон то ҳол натиҷае надодаанд.

Қаландаров имрӯз, 26-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ҷониби Узбакистон барои ҳаракати қаторҳо тариқи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг-Хатлон иҷозат надодааст. Ба гуфтаи ӯ роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин масир пурра омода аст ва агар Тошканд иҷозат диҳад, ҳаракати қаторҳо дар ин масир фавран аз сар гирифта хоҳад шуд.

Роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг”, ки минтақаи ҷануби Тоҷикистонро бо роҳи оҳани хориҷ аз кишвар мепайвандад, аз сӯи Узбакистон 16 ноябри соли 2010 тахриб шуда, ҳаракат тавассути ин роҳ имконнопазир гардидаст.

Инчунин масъулини Роҳи оҳан гуфтанд, номаи Тошкандро гирифтаанд, ки тибқи он аз 1 август, ҳаракати қаторҳои Узбакистон тариқи қаламрави Тоҷикистон қатъ мешавад. Мақомоти Узбакистон роҳи оҳани Ангрен – Попро ба истифода доданд, ки пойбандии Узбакистонро ба қаламрави Тоҷикистон бартараф кард.

Қаландаров дар маҷмуъ изҳор дошт, ки ҳамкориҳояшон бо ҷониби Узбакистон хуб мебошанд ва имсол ҳаҷми боркашонӣ миёни ду кишвар нисбати солҳои пешӣ афзоиш ёфтааст.

Қаландаров таъкид кард, ки роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 24-уми август ба истифода дода хоҳад шуд, ки марказро бо ҷануби кишвар мепайвандад. Ӯ илова намуд, ки баъди анҷоми ин тарҳ Тоҷикистон ба оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон оғоз хоҳад кард.

Ноиби раиси Роҳи оҳан дар мавриди ин тарҳи байналмилалӣ афзуд, ки феълан Тоҷикистону Туркманистон ҳеч мушкиле надоранд: “Танҳо дар Афғонистон ба далели ноамниҳо сармоягузории ин тарҳ ба таъхир афтодаст. Сармоягузории қисмати афғонистонии ин тарҳро Бонки осиёии рушд ба уҳда гирифтааст”.
Мӯҳр
Чоршанбе
Баумед нашавед, ки рохро дубора соз мекунанд. Тезтар хамин рохт Ёвон-Вахдатро созед. Дигар илоч нест. Узбако дар ду сол китъаи мушкилтаринро бо се миллиард доллар (сй км тунел) сохта аз вобастагии мо халос шуд-ку!

Рохи бо Узбакистонро фаромуш кунед агар ваъда хам тиянд дуруг мегуянд фиреб карда вактро мекашонанд.Рохи Туркманистон Афгонистонро обод кунед илтимос бо Об бахр ба Чахон мебарад Точикистонро.Раиси рохи охан рохи Узбакистонро бахона карда нашинед агар номуси точики дошта бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)