Президент таърихи 4 ҳазорсолаи шаҳрнишинӣ дар Данғараро тасдиқ кард (ВИДЕО)
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, бозёфтҳои бостоншиносон далели таърихи куҳан доштани тамаддуни шаҳрнишинӣ дар минтақаи Данғара мебошад.
Раҳимӣ имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, лавозимоте, ки дар минтақаи Кангурти ноҳияи Данғара ёфт шуданд, таърихи 4 ҳазорсола ё бештар аз онро доранд: “Яъне тамаддуни шаҳрнишинӣ дар ин минтақа буд. Шояд он давоми мантиқиии тамаддуни Саразм бошад. Мо дар ин самт тадқиқот бурда истодаем”.
Президенти Академияи улум афзуд, ки бозёфтҳои Кангуртро ба марказҳои омӯзишии байналмилалӣ аз ҷумла Лондон равон кардаанд.
Қаблан Раҳимӣ гуфт, ки бозёфтҳо аз ду мавзеи Данғара ба Олмон низ барои баҳогузории илмӣ интиқол ёфта буданд: “Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд”.
Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ҳафриёти бостоншиносӣ на ба хотири чор ҳазорсола эълон намудани Данғара, балки ба хотири ба олам нишон додани тамаддуни бостонии тоҷикон, муаррифии арзишҳои миллӣ ва исбот кардани он далелҳо, ки аз ибтидо тоҷикон мардуми бумӣ ва маскуни ин сарзамин буданд, анҷом шудаанд.
Ин изҳороти президенти Академияи улум дар ҳолест, ки чанде қабл бостоншиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон дар деҳаи Хушманзараи ноҳияи Данғара, ки қаблан Кангурт ном дошт, 72 зарфи сафолин пайдо намуданд. Доктори улуми таърихСаидмурод Бобомулоев он замон гуфта буд, бозёфтҳо ба асрҳои 13 ва 11-и пеш аз мелод мансуб буда, таърихи қариб 4 ҳазорсола доранд. Бостоншиносон бозёфтҳои мазкурро нодир гуфта, таъкид карданд, ки то ҳол бо чунин арзиши баланд дар Хатлон чизе дарёфт нагардидааст.
Баъди изҳороти бостоншиносони Академияи улум сару садоҳое ба вуҷуд омад, ки гӯиё дар Тоҷикистон аз чорҳазорсолагии тамаддуни Данғара таҷлил мешавад, аммо Раҳимӣ гуфт, чунин ҷашн дар назар нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |