Вокуниши Усмонов ва нашри мусоҳибаи комилаш бо Ҳумайрои Бахтиёр
Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи нашри мусоҳибааш бо “IWPR” - “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ”, ки “Озодагон” онро бознашр кард, вокуниш нишон додааст.
Усмонов унвонии “Озодагон” нома ирсол намуд, ки онро бетағйир пешниҳоди хонандаҳо мекунем:
Ҳамкасби азиз Ҳумайрои Бахтиёр! Вақте мову шумо нимаҳои моҳи апрели соли равон тасмим гирифтем, ки дар бораи вазъи он рӯзаи журналистикаи тоҷик сӯҳбат кунем танҳо як мақсади нек доштем: додани баҳои айнӣ ба вазъи ВАО Тоҷикистони он рӯз. Воқеан ин эҳтиёҷ буд ва ҳаст, зеро матбуоти ду – се сол пешу имсоли Тоҷикистон тафовутҳо доранд ва мо хонандагон ва муаллифони худро ба фаҳми он бояд омода кунем. Сӯҳбат зимни як меҳвари фаъолияти журналистӣ, ки озодии матбуот чист ва онро чи гуна таъмин кардан мумкин аст, ҷараён гирифт. Мо ба журналистика, умуман, сарукордор набудем. Чунки журналистика дар асри XV пайдо шуд ва дигар ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад. Ҳеҷ гуна хатаре дар бораи аз байн рафтани журналистика буда наметавонад, балки журналистика шакл, тамоюл ва мавзуъ дигар мекунад. Журналистика худаш мустақиман кор мекунад ё силоҳ мешавад. Ин раванди оддӣ ва табиист, дар ҳама таърих ва дар ҳама ҷо буд ва дар мо ҳам мавҷуд аст ва ин ба сохт ва майли давлат иртибот мегирад. Мо дар сӯҳбатамон зикр ҳам кардем, ки талоши кӣ ҳақ: байни ҳукумат ва журналистика, аз замоне, ки матбуоти озодигаро ва сиёсати озодигароӣ (либертарианӣ) пайдо шуд ин талош ҳаст ва имрӯз низ идома дораду дар Тоҷикистон ҳам зуҳуроти онро мебинем. Ҳар он чи ки дар мусоҳибаи Шумо бо ман, ки мутаассифона бе имзои Шумо нашр шудаасту ба ин чизҳо дахл мекунад воқеан гуфтаҳои мананд ва онҳо аз назарияи илми мо бармехезанд.
Аммо Ҳумойро! Дар вақти нашр кардани мусоҳиба Шумо ё нашрия ба шакле имконият додед, ки он баъзе суханҳои маро нодуруст ифода мекунад. Аввалан: ҳар он чи то пайдо шудани ному насаби ман дар ин матлаб омадааст ба ман тааллуқ надорад. Баъзеи он суханҳо дар саволи гузоштаи Шумо буданд ва матлаб чунон омадааст, ки хонандаи ноогоҳ онро ҳамчун ақидаи ман, ҳамчун сарлавҳа ва ҷумлаву ибораҳои интихобшудаи матни мусоҳиба қабул мекунад. Ҳол он ки ман ҳеҷ гуна эҳзоия ва натиҷагирии муҳаққиқони хориҷиро истифода накардаам. Ман ҳатто шубҳа надорам, ки журналистикаи Тоҷикистон мемурда бошад. Дар бораи боварӣ ва ғайрибоварӣ ман журналистикаи расмӣ ва ғайрирасмиро аз ҳам ҷудо карда будам. Дар шакли омада ҳамааш дар як ғалбер аст. Дар мавриди он ки мақомҳои ҳокимият ба роҳбарияти ВАО таъсир мерасонанд ё не Шумо савол гузоштед ва саволатон низ тамоюли мусбат дошт. Барои ҳамин ҳам ҷавоб он буд, ки агар журналист ё роҳбари ВАО даъвои мустақил будани худро дошта бошад, пас дар ҳақиқат ҳам таъмин карданаш даркор мебошад. Дар акси ҳол журналистика ҷойи вай нест ва намояндаи ҳукумат дурустии мавқеи ҳукуматро ба ин ё он шакл фаҳмонида бошад ин зӯрии идеология аст. Ва аз ин шикоят набояд кард. Дар хусуси журналистонро ба сӯйи худ кашидани ҳукуматҳо, хориҷиён, созмонҳо (созмонҳои дохилию хориҷӣ) ба шакли умум гап зада сафарҳои ҳавасмандкунии журналистон ба хориҷа, грантҳо ва рекламаҳоро ном бурдам, аммо дар матлаб чунон омадааст, ки он танҳо хоси Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Рӯзноманигори амалӣ нестам аз куҷо донам, ки муҳаррирҳо аз хориҷа истода ба кормандони худ чи супориш медиҳанд ва касе ҳам то ҳозир ба ман шикоят накардааст. Аз куҷо донам, ки онҳо «сахт нанавис» мегӯянд. Ин маъноро Шумо ҳамчун сухани ман истифода бурдаед, ки гӯё ман гуфта бошам.
Ҳумайро! Шумо дар журналистика одами нав нестед, чизҳои хондании хуб ҳам доред, умед мекунам дар оянда чизҳои хуби зиёде ҳам менависед, аммо эҳтиёт кунед, ки ҳунари Шуморо, касби Шуморо навиштаи Шуморо ноширон худхоҳона истифода набаранд. Кӯшиш кунед, ки ҳама чизро тавре нависед, ки танҳо ба соҳибаш марбут бошад. Гапи хабарнигорро ба мусоҳиб ва сухани мусоҳибро ба хабарнигор нисбат надиҳед. Матолибе, ки аз манбаҳои дигар истифода бурдаед, тавре дар матлаб истифода кунед, ки матни бегона буданаш маълум бошад. Чаро ки инро меъёри одоби касбии мо талаб мекунад.
Ин номаро шояд наменавистам, аммо ду- се ҳолате ҳаст, ки маро водошт қалам гирам. Аввалан Шумо аз журналистоне нестед, ки бояд ҳар кас аз рӯйи ғарази милливу сиёсияш шуморо истифода барад. Дуввум мо ҳамон рӯз дар зарфи се соат дар ду мавзуъ сӯҳбат карда будем ва яке агар хоҳиши нашри мавзӯи дуввумро ҳам дошта бошед, хоҳиш мекунам кӯшиш кунед, ки ба ин гуна шакл имкон надиҳед.
Дар пайи ин вокуниши Иброҳим Усмонов, хабарнигор Ҳумайрои Бахтиёр дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, воқеан расонаҳои хориҷӣ фишурдаи мусоҳибаро нашр кардаанд ва матни комили суҳбаташ бо Усмоновро дар ихтиёри "Озодагон" гузошт, ки пешниҳоди хонандаҳо мекунем.
Ҳумайро Бахтиёр: Мӯҳтарам Иброҳим Кенҷаевич, тибқи иттилои охир давоми соли охир даҳ хабарнигори тоҷик бо аризаи паноҳандагӣ ба кишварҳои Урупо ва Ғарб муроҷиат кардаанд. Чаро?
Иброҳим Усмонов: Ман дақиқ намедонам, ки воқеан он паноҳҷуён дарёфт карданд ин мақомро ё на. Намедонам онҳо кӣ ҳастанд, чун дар ин маврид ҳеч омори расмие вуҷуд надорад. Агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад, ин мушкили ҷомеаи мо аст. Зеро, агар дар ҷомеа барои эҷодкорон фишор биёрӣ ва имконияти гуфтанашро маҳдуд намоӣ, рафтани онҳо ба хориҷ бар зарари кор хорҳад буд. Чунки, ин афрод аз ҳарфи худро хориҷ аз кишвар сатхттару қатъитар хоҳанд гуфт, ки ин барои осоиши кишвар хуб нест.
Ҳумайро Бахтиёр: Агар вазъи як соли охирро таҳлил бикунем, метавонем гуфт, ки баъди интихоботи парлумонии Тоҷикистон (марти 2015) фишори мақомоти қудратӣ, кумитаи амният ба расонаҳои мустақили кишвар бесобиқа афзоиш ёфт. Мушоҳидаҳои ду соли охир нишон медиҳанд, ки дар ин авохир роҳи онҳо ба дафтари кории расонаҳо “боз” шуда, феҳрасти матолиби дархостӣ ва ё баръакс, мавзӯъҳои мамнӯъ низ бисёр шудаанд. Ба назари Шумо заминаи ин фишори ошкоро кай пайдо шуд? Кӣ ба чунин иштибоҳ роҳ дод, ки ҳамакнун масъулини расонаҳо баъзан аз тарси фишори бештар аз нашри ҳаргуна матолиб худдорӣ мекунанд?
Иброҳим Усмонов: Шумо ҳоло аз роҳ ёфтани ҳукумат ба расонаҳо мегӯед. Ин як методи оддӣ аст. Дар Тоҷикистон мо чандон рӯзнома ва рӯзноманигори бой надорем. Рӯзномае, ки тавони таъмини худро ва коргаронашро дошта бошад. Зуҳуроти имрӯзаи кишвари мо ҳамин гуна аст ва хабарнигорон ё муҳаррирон эҳтиёҷи дастгирии моддӣ ва маънавӣ ҳастанд. Маънавӣ ба он хотир, ки касе барои нашри ҳафтаномаашон халал нарасонад. Моддӣ ҳам барои он, ки рӯзномаашон бе мамоният рӯйи чоп ояд. Ин метавонад яке аз иллати аслии роҳ ёфтан, ворид шудан ва таъсир расонидани намояндагони ҳукумат ба расонаҳо бошад. Пешниҳоди мақомот ба соҳибрасонаҳо он метавонад бошад, ки дар сурати худдориашон аз нашри матолибе дар баъзе мавзуоти мушаххас, онҳо ба фаъолияти ин расона монеае эҷод нахоҳанд кард. Ҳамин хел буда метавонад? Метавонад!
Ин танҳо яке аз сабабҳо аст. Акнун мо таҳлил мекунем, ки ин зуҳурот хуб аст ё бад? Ман ҳамчун як нафари системаи даврони шӯравӣ ҳаминро гуфтаниям, ки дар замони коммунистӣ мехостам, ки ҳукумат ба матбуот натанҳо ёрӣ расонад, балки аз он истифода ҳам бикунад. Барои мисол, буданд ҳолатҳое, ки мақомот ба матбуот фармон медоданд, ки нисбати фалон котиби райком бинависед, мо онро аз вазифа озод хоҳем кард. Шахсан ман муқобили дар ин шакл истифода кардани матбуот набудам. Он замон мо танҳо матбуоти ҳукуматӣ доштем.
Баъдан, хориҷиҳо омаданд ва барои мо гуфтанд, ки ҳукумат набояд ба кори матбуот дахолат кунад. Матбуот бояд мустақил бошад ва озодии онро реклама муаяйн мекунад. Ин хел намешавад. Матбуот мустақил буда наметавонад. Вақте, ки реклама мегирад, пас рекламадиҳанда самти фаъолияти он расонаро мушаххас мекунад. Фарз кардем, рекламадиҳанда роҳбари ширкате ҳаст, ки ҳукумат аз он тарафодорӣ мекунад. Ё, рекламадиҳанда тарафдор ё узви ҳизби ҳоким аст. Бо ҳукумат робитаи наздик дорад. Дар ин сурат, табиист, ки рекламадиҳанда талаб мекунад, ки бар муқобили ҳукумат матбуот чизе нагӯяд. Матбуот худаш ҳич вақт озод буда наметавонад. Ҳар тараф кушиш мекунад, то матбуотро бар тарафи худаш кашад. Ҳам ҳукумат ва ҳам муқобилони онҳо.
Оне, ки имрӯз расонаҳои хабарии мо бо хости ҳукумат фаъолияташонро идома медиҳанд, бозгӯйи он аст, ки идеологияи ҳукуматӣ аз идеологияи расонаҳо зӯртар баромад. Ҳукумат бо ин идеологияи худ дар кадом шакл ва сохте набошад тавонист расонаҳо ва соҳибони онро тобеи худ гардонад. Агар соҳибрасонаҳои мо боқувват мебуданд, бо ишораи ҳукумат корро ба роҳ намемонданд. Он замон, эҳтимолан расонаашон аз байн мерафт, ё бо мушкилиҳои додгоҳӣ гирифтор мешуданд. Масъулини расонаҳо дар ин маврид “зӯр” назаданд.
Ҳумайро Бахтиёр: Дар таърихи журналистикаи тоҷик мо таҷрибаи мушкилӣ ҳам доштем. Як муддат ҳафтаномаҳо хориҷ аз кишвар нашр мешуданд ва ба таври пинҳонӣ ба кишвар ворид шуда ба дасти мардум мерасиданд. Яъне, ин навбат масъулини расонаҳои хабарии кишвар роҳи осонро интихоб карданд. Чаро?
Иброҳим Усмонов: Чунки, инҳо дар майдон ҳамин хел будан мехоҳанд.
Ҳумайро Бахтиёр: Барои чӣ?
Иброҳим Усмонов: Барои зиндагии худашон. Инҷо идея ва идеология тақрибан сарфи назар мешавад. Ҳоло шумо дилхоҳ расонаро номбар кунед. Ман мегӯям, ки ҳич кадоме аз он идея надорад. Як ё ду ҳафтаномаи, ки андаке ҷиддӣ доштем, роҳбарияти он аз Тоҷикистон рафт. Онҳо худро аз фишорҳо дур гирифтанд. Аз он дуриҳо ба бачаҳо супориш медиҳанд, ки аз ҳадд зиёд сахт нанависанд. Имрӯз мо расонаи мустақиле надорем, ки бар муқобили як идеология меистода бошад. Барои мавҷудият ва фаъолияти чунин расона ба мо замина ва муҳити сиёсӣ лозим аст. Муҳити сиёсӣ дар шароите мешавад, ки дар кишвар ду ва ё чанд ҳизби боқуввати ба ҳам муқобил фаъолият дошта бошанд. Ҳоло мо як ҳизб дорем, ҳизби ҳоким. Ҳизби бисёр дорем, аммо рақиби ҳизби ҳоким надорем. Пас, идеологияи матбуотии мо ҳам бо ҳамон маҳдуд мешавад. Яъне, расонаҳо метавонанд бигӯянд, ки бар муқобили идеологияи ҳукумат навиштам ва фаъолият дорам, кӣ маро дастгирӣ мекунад? Дар сурати кашмакашӣ бо ҳукумат кӣ он расонаро ҳимоя хоҳад кард? Ҳеч кас.
Ҳумайро Бахтиёр: Агар аз рӯйи мавзӯъ, инъикос ва таҳлил бигирем, расонаҳои ду соли охир аз панҷ соли қабл чӣ фарқият дорад? Ва агар фарқияте ҳаст, он ҷиддист ё нисбӣ?
Иброҳим Усмонов: Фазои иттилоотии мо дар ин ду соли охир тағйир ёфт. Дар матбуот мавзӯи ҷиддӣ ва хонданибоб тақрибан намонд. Имрӯзҳо агар мо ду се ҳафта матбуоти давриро мутолиа накунем, тақрибан чизеро аз даст нахоҳем дод. Ва ҳамин гуна аз таҳлил ҳам ақиб намемонем. Агар кадоме аз ҳафтаномаҳоро нахонед, боз ҳам чизеро гум намекунед. Чунки расонаҳои мо такрори ҳамдигар шуданд. Дар ин маврид сӯҳбати охирини Саймуддин Дӯстов, роҳбари созмони ҷамъиятии Индем ҳақиқати бисёре дорад. Албатта, ҷаноби Дӯстов баъзе ҳарфҳои баҳсбарангез ҳам гуфтанд, вале ҳақиқатро ҳам ошкор баён карданд.
Ҳумайро Бахтиёр: Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки соли охир расонаҳои мо аз таҳлил даст кашида, бештар рӯ ба хабар оварданд. Кор то ҷое расид, ки ҳатто хабарҳоро яктарафа чоп мекунанд. Ин раванд моро ба куҷо мебарад?
Иброҳим Усмонов: Бубинед, шумо ҳоло бар муқобиле чизе гап мезанед, ки қаблан урупоиҳо барои мо талиғ мекарданд. Ба қавли онҳо вазифаи матбуот танҳо бетарафона расонидани хабар аст. Ба назари урупоиҳо таҳлили амиқ ин алакай расона набуда, як чизи дигар аст. Матбуоти имрӯзи мо ба ҳамин ҳол расиду шумо аз он нигаронӣ доред? Дуруст ҳам мекунед. Зеро ин расонаҳои моро дигар ҳеч кас намехонад. Агар ҳамин тавр идома ёбад, чанде пас матбуоти расмӣ хонандааш аз расонаҳои мустақил бештар мешавад. Дар матбуоти расмӣ ҳеч набошад шумо як ҳарфи нав, саргузашти нав, як пешниҳоди ҷадидро хоҳед дид. Вале бо ин мазмуне, ки ҳоло расонаҳои мустақили мо фаъолият доранд, ин ба беобрӯгии онҳо дар ҷомеа мебарад, мо мавқеъро гум мекунем.
Ҳумайро Бахтиёр: Оё мо барои ислоҳи вазъи ба вуҷуд омада фурсате дорем? Ё ҳамакнун имконро комилан аз даст додем?
Иброҳим Усмонов: Имкон ҳамеша ҳаст ва ҳеч гоҳ комилан гум намешавад. Барои рӯ задани имкон воқеаи ҷиддие бояд ба амал биёяд. Ошкоро бигӯем, ҳизби боқувват пайдо шуданаш даркор аст. Дар ин солҳои наздик пайдо шудани он зери шубҳа қарор мегирад. Пас, шахси боқувват дар ҷомеаи мо бояд зуҳур кунад. Ҳоло мо наметавонем бигӯем, ки чунин як шахсе пайдо мешавад ё не? Роҳи дигар, ин таваккал кардани рӯзнома мебошад. Ҳадди ақал барои як муддати кӯтоҳ тамоми матбуоти мо бояд таваккал кунад. Шояд вазъ бо ҳамин тағйир ёбад. Дақиқ чизеро гуфта наметавонам. Зеро, шароити ҳозираи мо барои чунин риск замина ва кафолат намедиҳад.
Ҳумайро Бахтиёр: Нуктаи дигарро мехостам ба миён бигзорам. Давоми панҷ соли охир мақомоти Тоҷикистон, нафароне, ки худро аз амният муаррифӣ мекарданд, хабарнигоронро зери фишор қарор доданд. Баъди ин, бархе аз он хабарнигорон фишорҳоро нодида гирифта, талош карданд, то аз майдон берун намонда дар мавқеашон устувор боқӣ монанд. Аммо дар охири ин муборизаҳо мо шоҳиди он гардидем, ки роҳбарияти расонаҳо ҳамкориро бо ин мақомот ба роҳ оғоз карданд. Модоме, ки муассисон ё сармуҳаррирон ба ин осонӣ таслим шуданд, мантиқи ташкили як расонаи воқеънигор куҷост?
Иброҳим Усмонов: Мантиқи онҳо пулдор, сарватманд шудан аст. Яъне, ҳадаф он чизе нест, ки дар оинномааш эълон карданд: - мусоидат кардан барои пешрафти ҷомеа, гуфтани ҳақиқат. Мақсад ин набудааст. Ё шояд мехостанд ба сифати шахсияти ҷомеа бошанд. Ба зиёфатҳо раванд, дар сафарҳо ва маҳфилҳои расмӣ роҳ ёбанд. Ин раванд дар кишварҳои пасошӯравӣ анъана шудааст. Ба назари ман онҳое, ки дар ҷомеаи мо, хабарнигорон суханашон беқадр шуд, дар ҳукумат кам –кам мақом пайдо карда истодаанд. Баъзе ба маҳофиле даъват мешаванду баъзе дар сафарҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Ба гумони ман ин раванд торафт бештар мешавад, ки ин ба камсифатӣ ва бечеҳрагии матбуоти мо меорад.
Ҳумайро Бахтиёр: Агар чунин аст, пас чаро мо мегӯем, ки расонаҳои мустақил дорем? Ин гуна бардошт ҳосил мешавад, ки гуиё мо барои дигарон мавҷудияти расонаи озодро дар кишвар исбот карданӣ ҳастем. Дар ҳоле, ки расонаҳои мо тобеи ҳукумат шуданд ва берун аз хостаи онҳо матлабе руйи нашр намеоранд. Маълум мешавад, ки мо расонаи озод надорем. Аммо соҳибрасонаҳо баръакси онро мегӯянд. Барои чӣ воқеиятро эътироф намекунанд?
Иброҳим Усмонов: Боре дар як сӯҳбат бо намояндаи созмони байналмилалӣ гуфтам, ки шумо имрӯз кумакпулӣ ҷудо карда, давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунед. Аз ин кӯмакпулиҳо бештар масъулини расонаҳо суйистифода мекунанд. Ва созмонҳои байналмиллалӣ бо ин нишон доданӣ ҳастанд, ки дар Тоҷикистон матбуот озод ва мустақил ҳаст. Куҷост чунин як расона? Чаро мо дигар чизи ҷиддие барои хондан пайдо намекунем? Ба назарам, баргузории давраҳои омӯзишӣ ва даъват кардани хабарнигорон ба хориҷа эътирофи мавҷудияти расонаи мустақил дар Тоҷикистон ҳаст, ҳарчанд мо дар озодии баён мустақил нестем. Ин падидаи хуб аст ё бад? Барои ҳукумат ин хуб аст. Яъне, ҳукумат метавонад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бигӯяд, ки мо фалон қадар расонаи озод дорем. Барои хонанда ин падидаи бад аст. Чаро? Чунки, дар ин матбуоти “озод” матлаби мехондагӣ намондааст.
Ҳумайро Бахтиёр: Ин охирҳо ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон баъзан эҳсос мешавад, ки гурӯҳе аз садоқат ба касби худ фаромӯш кардаанд. Ҳамин тавр аст?
Иброҳим Усмонов: Дар асл ин дард аст, дарди амиқ. Хабарнигор дар мо ҳамчун эҷодкор аз байн меравад. Инсони гуруснае ҳаст, ки дар суроғи як бурда нон ба дари ҳар нафар даст дароз мекунад. Барои ин гуна хабарнигорон фарқ надорад, ки он буридаи нонро бо дашном медиҳанд ё барои савоб. Ҳолати расонаҳои мо ҳаминро мемонад. Гарчанд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто то соли 2010 мо мушоҳида кардем, ки расонаҳо ва хабарнигорон мавқеи худро дар душвортарин лаҳзаҳо ҳифз карданд. Онҳое, ки ба чунин санҷишҳо тоб наоварданд рафтанд барои ҳамкорӣ бо расонаҳои ҳукуматӣ. Ин гуна ашхос ба ҳар тараф меравад. Дар асл, фишорҳои мақомот шояд ба ҳамин хотир бошад, ки чунин хабарнигорони ноустуворро ба худ ҷалб кунанд. Вақте хабарнигорони устувор табдили самти фаъолият мекунанд, дигар хабарнигорӣ ҳам зери суол меравад. Ҳоло дар матбуоти мо кам хабарнигороне ҳастанд, ки мавзуоти ҷиддиро ба баҳс бигиранд. Ҳоло матлабҳо бо заъфи зиёд мунташир мешаванд. Инҳо, ки рафтанд, ҷояшонро касе гирифта наметавонад. Ҳама хомуш мемонад, гуиё чунин чеҳраҳо дар журналистикаи мо вуҷуд надоштанд. Ин иқдоми ҳукумат бисёр оддӣ ва муассир буд.
Ҳумайро Бахтиёр: Инҷо мо аз сӯиистифода гардидани кумакпулиҳо, ба сафар ва даъватҳо саргарм будани гурӯҳе аз ҳамкасбон ишора кардем. Гоҳо эҳсос ҳам мекардем, ки бархе аз ҳамкасбонамон хеле мағрур шуданд. Ин хислат журналистикаро аз байн намебарад?
Иброҳим Усмонов: Ҳоло бигӯед, онҳое, ки то ин замон бо созмонҳои байналмиллалӣ кор мекарданду грант мегирифтанд, куҷо шуданд? Имрӯз, онҳо фишори бештар болои расонаҳоро эҳсос карда, дарҳол ба самти ҳукумат гузаштанд. Мегӯянд, дар ҷанг ҳокимон кӯшиш мекунанд, ки боевикҳо сарватманд шаванд. Агар боевик пулдор шуд, дигар ҷанг намекунад, чун намехоҳад он дороиашро аз даст диҳад. Хабарнигорӣ ҳам ҳамон боевикро мемонад. Фарқ дар ин аст, ки мо бо қалам меҷангем. Ин гурӯҳ хабарнигорон барои аз даст рафтани вазъи моддӣ таваккал намекунанд. Мушкили мо дар он аст, ки аксари ҳамкасбон ақидавӣ набуданд. Агар онҳо ба касб аз рӯи ақида муносибат мекарданд, ҳамеша содиқ мемонданд. Аммо ҳастанд нафароне, ки бар ақидаи худ содиқ монданд. Ба ин хабарнигорон чӣ қадаре фишор наоранд, таҳдид ва интиқод накунанд, онҳо тарки касб намекунанд. Дар ин маврид мо хабарнигороне дорем, ки солиёни сол берун аз кишвар зиндагӣ мекунанд. Аммо ба касб ва мавқеи худ содиқ монданд. Ҳарчанд, дар дохил ҳамсафҳо кам набуданд, аммо имрӯз онҳо дар паҳлӯи ҳукумат саф кашидаанд. Хабарнигоре, ки тасодуфӣ омад, гум шуд. Онҳое, ки ҳадафашон танҳо сарват буд, бо эҳсоси заъф ҷомадонашонро ҷамъ карда рафтанд ба суроғи ҳукумат. Хабарнигор дар ақидаи худ бояд устувор бимонад. Новобаста аз он, ки фаъолияти ӯ бар манфиати ҳукумат аст ё гурӯҳи дигар. Магар, бе ақидаи устувор ҳукуматро ҳимоя карда мешавад? Аслан, хабарнигори ақидавӣ будан, маънои душманӣ бо ҳукуматро надорад. Ин ба он маъно аст, ки ин хабарнигор дар сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назари худро дошта, роҳгузаре нест.
Ҳолати имрӯзаи ҷомеаи хабарнигории мо ин гуфтаи халқро мемонад, ки дӯстон се навъанд: -нонӣ, забонӣ ва ҷонӣ. Ба нониаш бояд нон дод, ба замониаш ном ва ба ҷониаш бояд ҷон бидиҳӣ. Чунин менамояд, ки дар миёни хабарнигорони ақидавӣ дӯстони ҷонии журналистика камтар будаанд.
Ҳумайро Бахтиёр: Ба мушоҳида мерасад, ки дар мо ҳатто расонаҳои хориҷӣ аз принсипҳои хабарнигорӣ сарфи назар мекунанд. Ва ё мегӯянд, ки мо бетараф ҳастем.
Иброҳим Усмонов: Ман дар китоби “Назарияи публисистика” назарияи имлмии фаъолияти журналистикаро муаяйн кардам. Журналист бетараф буда наметавонад. Журналист ҳатто хабарро бетараф навишта наметавонад. Дар матбуот хабари бетараф чоп намешавад. Бароятон мисол меорам. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Радиои Озодӣ ҳич гоҳ хабари мусбат нашр намекард. Вақте дар он шароит ҳукумат дар ҷое мактаб бунёд мекард, ҳақмузди шаҳрвандонро боло мебурд, Радиои Озодӣ сарфи назар мекард. Вале, хурдтарин хабарҳоро дар мавриди шикасти кишвар ё ғалабаи мухолифин, чоп мекард. Ҳарду хабар ҳақиқат дошт. Вале Озодӣ бархурди якранг надошт. Имрӯз Озодӣ баръакси он замон фаъолият дорад. Ҳар он чизе, ки дар Тоҷикистон мусбат аст, онро менависад. Ҳар он бахше, ки ислоҳ талаб аст, комилан нодида мегирад. Ҳар расона ба ҳар воқеъа бо дарназардошти манфиати худ нигоҳ мекунад. Ленин як гап дорад: “Мо бо салоҳият мегӯем, ки матбуоти мо анбори ақидаҳои хушку холӣ нест. Мо як ақидаи муаяйнро ҳимоя мекунем”. Яъне, вай мегӯяд, ки мо ақидаи худро дорем ва танҳо онро рӯи чоп меорем. Ақида -асоси журналистика ҳаст. Ҳар хабарнигоре гумон дорад, ки ҳарфи бетарафона менависад, иштибоҳ мекунад. Имрӯз ҳатто варзишро ба манфиат инъикос мекунанд. Зеро дар мо ҳатто варзиш, фарҳанг, иҷтимоиёт ва иқтисодиёт ба сиёсат печид.
Ҳумайро Бахтиёр: Мо ҳоло дар марҳилае қарор дорем, ки аз расонаҳои дохилӣ суйистифода мекунанд. Расонаи хориҷӣ, бештар нақши як матбуоти зардро иҷро мекунад. Чаро, дар ҳоле, ки онҳо бояд дар фаъолият озод бошанд?
Иброҳим Усмонов: Ҳамеша чунин буд. Мешавад ҳолате, ки хабарнигории мо барои хориҷиҳо лозиму, замоне не. Онҳо аз навиштаи хабарнигорони тоҷик кадом манфиате доранд. То он замоне, ки манфиати онҳо пиёда мешавад, хабарнигории тоҷик лозим аст. Бо ба ҳадаф расидан, таваҷҷӯҳи онҳо ба Тоҷикистон кам мешавад. Хабарнигорӣ ҳам мисли ҳамон мардикорист. Ҷомеаи байналмиллал ба Тоҷикистон замоне таваҷҷӯҳ хоҳанд кард, ки кишвари мо дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дошта бошад. Ҳолати имрӯзаи моро бӯҳронӣ гуфта намешавад. Нерӯҳои дохилӣ ором буда, мардум зоҳиран аз вазъи худ розӣ ҳастанд. Аз ин хотир журналистикаи байналмиллалӣ аз Тоҷикистон нигаронӣ ё интизорие надорад. Ёрӣ ва даъваташон ҳам аз хабарнигорони мо мисли қабл нест.
Ҳумайро Бахтиёр: Мо ҳоло дар марҳилае қарор дорем, ки аз расонаҳои дохилӣ суйистифода мекунанд. Баъзе расонаҳои хориҷӣ бештар нақши як матбуоти зардро иҷро мекунад. Чаро, дар ҳоле, ки онҳо бояд дар фаъолият озод бошанд?
Иброҳим Усмонов: Ҳамеша чунин буд. Мешавад ҳолате, ки хабарнигории мо барои хориҷиҳо лозиму, замоне не. Онҳо аз навиштаи хабарнигорони тоҷик кадом манфиате доранд. То он замоне, ки манфиати онҳо пиёда мешавад, хабарнигории тоҷик лозим аст. Бо ба ҳадаф расидан, таваҷҷӯҳи онҳо ба Тоҷикистон кам мешавад. Хабарнигорӣ ҳам мисли ҳамон мардикорист. Ҷомеаи байналмиллал ба Тоҷикистон замоне таваҷҷӯҳ хоҳанд кард, ки кишвари мо дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дошта бошад. Ҳолати имрӯзаи моро бӯҳронӣ гуфта намешавад. Нерӯҳои дохилӣ ором буда, мардум зоҳиран аз вазъи худ розӣ ҳастанд. Аз ин хотир журналистикаи байналмиллалӣ аз Тоҷикистон нигаронӣ ё интизорие надорад. Ёрӣ ва даъваташон ҳам аз хабарнигорони мо мисли қабл нест.
Ҳумайро Бахтиёр: Маълум мешавад, ки хориҷиҳо чизе намехоҳанд ва барои ҳамин журналистони тоҷик ва расонаҳои дохилӣ талош намекунанд?
Иброҳим Усмонов: Бале. Барои ҳамин журналистикаи тоҷик ба чунин вазъ гирифтор шуд. Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон худаш рӯзноманигор тайёр мекунад. Ва ба ин кадрҳои тайёрмекардааш бовар дорад. Бубинед, тамоми мардуми мо бегоҳирӯзӣ телевизион тамошо мекунад, радио гӯш медиҳад ва расонаҳои ҳукуматиро мехонад.
Ҳумайро Бахтиёр: Пӯшида нест, ки расонаҳои ҳукуматӣ –Тв, радио ва матбуот воқеаҳои кишварро ба таври бояду шояд инъикос намекунанд. Фарз кардем, аз ин расонаҳои ҳукуматӣ мо ҳеч гоҳ хабару таҳлилеро перомуни муҳоҷирони меҳнатӣ нахоҳем пайдо кард. Чӣ расад ба мавзуоти сиёсӣ, иқтисодӣ. Фикр намекунед, ки ҳамингуна “пинҳонкориҳо” як таркиши иттилоотиро ба вуҷуд биёрад?
Иброҳим Усмонов: Таркиш ба вуҷуд меояд ё на, намедонам. Вале дақиқ аст, ки ин вазъият бар муқобили худи ҳукумат аст. Тамошобини боақли телевизионҳо торафт кам мешавад. Яъне, тарафдорони боҳуши ҳукумат кам мешаванд. Барномаҳоро мебинанд, мешунаванд, мехонанд ва бо зиндагиашон қиёс мекардагӣ мешаванд. Ба расонаҳои ҳукуматӣ дигар эътимод намекунанд. Ин маънои онро хоҳад дошт, ки ҳарфи ҳукумат дар ҷомеа дигар муассир намешавад. Ин бар зарари кор аст. Аз чӣ бошад, ки барои идеологҳои ҳукуматӣ ҳамин раванд писанд аст. Ёдам ҳаст дар солҳои 1993-94 касе тавассути телевизионҳо роҳбарияти давлатро ситоиш кардан намехост. Мо бо азобе мардумро розӣ мекардем, то ҳадди ақал паси парда сухан кунанд. Ҳоло бошад баръакс. Ҳама мехоҳад, ки дар барномаҳои телевизионӣ ширкат дошта бошад. Хабарнигорони расонаҳои ҳукуматии мо имрӯз шароити хуб доранд. Ҳатто сару садое ҳаст, ки онҳо баъди пахши наворе аз гӯшаи деҳқонҳо талаби маблағ, сабзавот ва ё меваҷотро ҳам мекунанд, ки ин мавзӯи дигар аст.
Ба назари шумо чаро дар замони шӯравӣ хабарнигорон дар ҷомеа афроди баобрӯ буданд? Он замон агар хабарнигор барои таҳияи маводе муваффақ намегардид, ҳукумат аз он масъул сарзаниш мекард, ки чаро бо расонаҳо ҳамсуҳбат нашудед. Ба гумонам баъди чанд сол мо ҳамин ҳолатро хоҳем дошт. Дар ин раванд матбуоти мустақили мо комилан аз даст намеравад. Аммо, нимҷон боқӣ мемонад. Чунки барои ҳукумат дар ҳамин шакл вуҷуд доштанаш лозим аст.
Ҳумайро Бахтиёр: Шумо гуфтед, ки ба касб онҳое содиқ хоҳанд монд, ки ақида доранд. Оё мо метавонем коре бикунем, то онҳое мехоҳанд аз журналистика суйиистифода кунанд, ё бемавқеъ ҳастанд ба майдон ворид нашаванд? Барои ҳифзи хабарнигорӣ мо чӣ кор карда метавонем?
Иброҳим Усмонов: Чунин як корро карда наметавонем. Зеро дар байни беақидаҳо афроди боистеъдод низ ҳаст. Инҳо ё барои ном менависанд, ё барои нон. Агар вуруди афроди беақидаро ба олами хабарнигорӣ манъ карда мешуд, ин кор кайҳо анҷом меёфт. Ҳоло барои хатари ин гуна афроди тасодуфӣ ё беақида ман як мисол меорам ва барои дағал будани он маъзарат мехоҳам. Шоҳе буд ва дар дарбор шоире буд, ки аз ӯ ҳамеша ситоиш мекард. Шоир дар дарбор шоирӣ мекарду, барои фарзандони шоҳ таълим медод. Рӯзе расид ва писари шоҳ даъвои тахт карда, бар муқобили падари худ қиём мекунад. Ҳамон вақт шоир ду қасида менависад ва ба ду кисааш мегузорад. Ба умеде, ки баъди мубориза маҳфиле баргузор мешаваду шоир аввалин шуда қасидаашро мехонад. Подшоҳ писарро сар бурида ғолиб меояд. Дар маҳфил шоир тасодуфан қасидаи барои писари шоҳ навистаро қироат мекунад. Шоҳ пай мебарад, ки шоир дурӯя аст. Амр медиҳад, ки як чуҷурие канда, шоирро дохили он монанд. Болои чуҷуриро бо чӯб пӯшонда, ба мардум хитоб карда мегӯяд, ки дарбориҳо аз ин ба баъд барои қазои ҳоҷат ҳамон чуқурӣ раванд. Ба фаҳмиши ман нафароне бемавқеъ ва беҳадаф кам нестанд. Барои ин тоифа ҳамин мақоли мардумии –“дег сӯзаду гӯр ҷӯшад”мувофиқ ҳаст. Нависандаи мо Абдулҳамиди Самад ҳам дар романи наваш таассуф аз он мехӯрад, ки бо иллати ҷанги шаҳрвандӣ маддоҳӣ дар кишвар ба расмият даромад. Мо вуруди афроди тасодуфиро ба касбамон на ин ки манъ карда наметавонем, балки дар ин солҳои наздик онҳо бештар талабгор хоҳанд дошт.
Ҳумайро Бахтиёр: Ба таҳлили шумо дар ин даҳсолаи наздик мо метавонем принсипҳои аслии журналистикаро ба журнализм баргардонем?
Иброҳим Усмонов: Агар шумо принсипҳои журналистика гуфта ҳамон меъёрҳои урупоиро дар назар дошта бошед, онҳо нисбатан вуҷуд доранд.
Ҳумайро Бахтиёр: Ҳамон таҳлил, воқеъиятнигорӣ, суйистифода накардан...
Иброҳим Усмонов: Инҳо ҳастанд. Танҳо фарқ дар ҳамин аст, ки ин меъёрҳо дар масоили сиёсат вуҷуд надоранд.
Ҳумайро Бахтиёр: Ишора ба он доштед, ки барои фаъолияти расонаҳои ҷиддӣ дар кишвар мо бояд ҳизбҳои боқувват дошта бошем. Аммо, бо мавҷудияти чунин як ҳизб хабарнигорон метавонанд узвияти онро ба даст оранд. Ин воқеаҳои охири мо нишон дод, ки агар журналисти тоҷик узвияти ҳизбро дошта бошад, дар ҳолати вазнин ҳамраъйии мо бо пахши як изҳорот хотима меёбад.
Иброҳим Усмонов: Барои хабарнигор узвият дар ҳизберо доштан ҳатмӣ нест, аммо ҳар хабарнигор бояд мавқеъи сиёсӣ дошта бошад. Ҳамраъйӣ миёни расонаҳо ва хабарнигорон танҳо дар замони сериву пурӣ мешавад. Ва ин танҳо дар ҳолате мешавад, ки редаксия дар кори худ озод бошаду касе ба он дахолат накунад. Дар мо баръакси ин ҳол аст. Мо медонем, ки тамоми расонаҳо бо ишора ва ё хости мақомот фаъолият доранд. Барои расонаҳои мо фармон медиҳанд, ки кадом корро набояд анҷом диҳанд. Вақте редаксия худро ҳимоя карда наметавонад, чӣ гуна ба дигарон ҳам кумак расонад?
Ҳумайро Бахтиёр: Дар асл, мо як шароити мубҳам дорем. Мо мебинем, ки чӣ гуна расонаҳо аз таҳлили вазъи воқеии кишвар ва сиёсат канор рафтанд. Ва ҳангоми сӯҳбат ишора бар он мекунанд, ки ҳоло фурсати сиёсатгӯиву ошкорбаёнӣ нест. Агар баҳсе ҳам ба миён ояд, расонаҳо хомӯширо авлотар медонанд. Баҳонаҳое ҳам пеш меоранд, ки инъикоси воқеият хатарбор аст. Як эҳсоси тарс доранд. Ҳамин тарс аз чист? Аслан тарс асос дорад ё на?
Иброҳим Усмонов: Дорад! Ин тарс нишони он аст, ки вазъи мо ба матлабҳои вокеъбинонаи расонаҳои мустақил мувофиқат намекунад. Чун бархӯрд, аксуламали мақомот нисбати ин матолиб солим набуда, манфӣ аст. Редаксияҳои мо худро ҳимоя карда наметавонанд. Барои ҳамин ҳам мегӯянд, ки ин мавзӯъҳоро нанависед. Худсонсурӣ дар сатҳи ниҳоят баланд аст. Дар оянда шояд аз ин ҳам бештар шавад. Ҳоло расонаҳои дар шароити “ду се шумораи дигар нашр шудан” фаъолият доранд.
Ҳумайро Бахтиёр: Мо инҷо ишора кардем, ки расонаҳои мустақил зери фишоранд, расонаҳои хориҷӣ фаъол нестанд, расонаҳои ҳукуматӣ боқувват шудаанд. Мо медонем, ки мазмун ва инъикоси вазъият дар ин расонаҳо комилан аз ҳам фарқ мекунанд. Ҳамин аз вазъи дохилӣ, сиёсат дур шудани расонаҳо барои аз байн рафтани журналистикаи тоҷик мусоидат намекунад?
Иброҳим Усмонов: Мусоидат хоҳад кард. Ман гумон мекунам, ки барои мо як давраи берангии расонаҳои мустақил фаро мерасаду матбуоти расмӣ барои худ ҷойгоҳи беҳтаре пайдо мекунад. Он журналистикае, ки мову шумо мехоҳем, гум мешаванд. Дар хабарнигорӣ мо марҳилаҳои мухталиф доштем. Солҳои 20-ум он боқувват буд, 30-юм журналистикаи навшудаи низомӣ доштем. Солҳои 40-ум хабарнигории ҳарбӣ сиёсӣ, 50-ум тақрибан чизе надоштем. Албатта, ин гуфтаҳо маънои онро надорад, ки дар мо ТВ, радио ва матбуоти чопӣ аз байн меравад. Ҳамаи он мемонад, аммо на ба он шакле, ки ману шумо мехоҳем. Мо идеологияро аз даст медиҳем. Дар расонаҳои мо мавзӯъҳои майда ва иҷтимоӣ боқӣ мемонад. Барномаҳои иҷтимоие пайдо хоҳанд шуд, ки мардум атрофи он сӯҳбат мекунанд. Мубоҳисаҳои сиёсӣ гум мешавад. Имконияти гуфтан аз дардҳои миллат, давлат ва воқеиёти кишвар шояд як муддат тамоман аз байн равад. Ин сӯҳбати мо масъалаҳои принсипиро дар назар дошт. Яъне, мо ҳолатеро ёдоварӣ кардем ва дар бораи он гап задем. Шояд гуфтаҳои моро иддае аз ҳамкасбонамон ки муваффақ ҳастанд ва алҳол ҳам чизҳои хонданӣ менависанд, ба худ гиранд, ки аз ин ранҷише пайдо шавад. Биноан як гуфтаи Саъдиро зарур медонам ёд биёрам: Ҳар кас, ки зи шаҳри ошноист,
Донад, ки матои мо куҷоист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |